Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

OSH 2506

10-уми январи соли 2022 дар толори фарҳангии Академияи ВКД бо иштироки васеи роҳбарият,омӯзгорон, курсантон омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

OSH 2493

Омӯзиши Паёмро сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ як барномаи мушаххаси сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифта, дар он натиҷаи фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбасту таҳлил гардида, дурнамои сиёсати давлатӣ то соли 2026 муайян гардида, солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноатикунонии кишвар эълон гардид.
Сардори Академия аз Паём иқтибос оварда бори дигар таъкид намуд, ки Пешвои миллат бахусус ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зохир менамоянд: «Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ нисбат ба соли 1991-ум 1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад». Сипас риштаи сухан ба Раҷабзода Р.М.-муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ , н.и.ҳ., дотсент, полковники мустаъфии милитсия дода шуд. Раҷабзода Р.М. ба таври пурра нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро ба самъи ҳозирин расонида бахусус диққати сомеъонро ба паҳлуҳои ҳуқукии Паём равона намуда, иброз намуд,ки хизматчиёни давлатӣ бояд софдилона ба нафъи давлату миллат хизмат намуда, ҳеҷ гоҳ ба давлату миллат хиёнат накунанд, ки хиёнат нобахшиданист. Ҳамчунин Муртазозода Ҷ.С.-раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, д.и.ҳ., профессор дар бораи самтҳои пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии кишар, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармояд, маълумоти муфассал дод. Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар Академияи ВКД дар рӯҳияи баланди ватандӯстона баргузор гарида, Сардори Академия ба намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ барои ҳамкорӣ ва тавзеҳи пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ изҳори минатдорӣ намуданд.

OSH 2472

Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...