Ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар факултети №4 Академияи ВКД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 аҳли маорифро водор намуда буданд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири донишҷӯёну хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд. Зеро бунёди ҳар як миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Доир ба масъалаи таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳти таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Мисоли ин дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети №4-и он дар шаҳри Хуҷанд барои баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим, ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти донишгоҳ комиссияҳо, шӯроҳо ва судҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ бевосита баҳри ба танзим даровардани фаъолияти пурсамари донишгоҳ, равона карда шудаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар факултети №4 ташкилотҳои ҷамъиятии зерин таъсис дода шудааст:
- Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забони давлатӣ»;
- Комиссия оид ба санҷиши лаёқатмандии касбӣ;
- Комиссия оид ба Кодекси одоби касбии кормандон;
- Комиссия оид ба риояи қонуният ва интизоми хизматӣ;
- Комиссия оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ;
- Комиссия оид ба манзили зисти кормандон;
- Комиссия оид ба риояи тартиби пӯшидани либоси низомӣ;
- Комиссия оид ба риояи низоми махфият;
- Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ;
- Комиссия оид ба корҳои пешгирии зидди сухтор;
- Комиссия оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҳайати шахсӣ;
- Комиссия оид ба зимистонгузаронӣ;
- Комиссия оид ба шиносоӣ бо шароит ва манзили зисти курсантон;
- Комиссия оид ба арзу шикояти шаҳрвандон;
- Шӯрои занони факултет;
- Шӯрои роҳнамоён;
- Шӯрои собиқадорон;
- Шӯрои кураторони гурӯҳҳои таълимӣ;
- Шӯрои китобхона;
- Суди шарафи ҳайати сарафсарони роҳбарикунанда;
- Суди шарафи ҳайати миёнаи роҳбарикунанда;
- Суди шарафи ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда;
Раис ва аъзоёни ташкилотҳои ҷамъиятии номбурда ҳамасола бо фармони сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар тӯли фаъолияти худ аз тарафи онҳо оид ба корҳои иҷрогардида дар як сол ду маротиба, ҳисобот пешниҳод карда мешавад.
Санаи 6 январи соли 2022 дар факултети № 4 ҳисоботи ташкилотҳои ҷамъиятӣ шунида шуд ва дар маҷмӯъ фаъолияти онҳо қаноатбахш арзёбӣ карда шуд. Ҳар як раисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳисоботи худ бурду бохти фаъолияти худ ва аъзоёни созмонро ба таври мухтасар баён карда, баҳри пешрафти кор дар ин самт дархост ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Албатта камбудӣ ва норасоиҳои мавҷудбуда ислоҳшаванда мебошанд, ки дар соли минбаъда баҳри самаранок ба роҳ мондани фаъолияти ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба инобат гирифта мешаванд.
Муҳаммадиев Н.Б., муовини сардори факултети№ 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия