Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии сардори Академия дар партави омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

IMG 8500

5-уми январи соли 2022 сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо шунавандагони факултети №3 дар партави омӯзиши Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ доир намуд.

Зимни суханронӣ дар доираи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ нуктаҳои муҳими он ба самъи шунавандагони факултети №3 расонида шуд, ки сол то сол сатҳи зиндагии мардум беҳтар гашта, ҳадафҳои стратегии кишвар аз қабили истиқлолияти энергетикӣ, баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босъурати кишвар амалӣ гашта истодаанд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад;– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Ин як ғамхории навбатии Ҳукумати Точикистон ба хизматчиёни давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ маҳсуб меёбад. Пешвои миллат дар Паём аз ҷумла зикр намуданд, ки «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».
Сардори Академияи ВКД аз шунавандагон иштироки ҳатмӣ дар дарсҳои таълимӣ, риояи интизоми хизматӣ, аз бар намудани забонҳо ва фанҳои тахассусиро талаб намуд. Шунавандагон омӯзиши Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олӣ бо қаноатмандӣ пазируфтанд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...