Ҷамъбасти машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар факултети №4 Академияи ВКД
Мувофиқи нақшаи гузаронидани машқҳо аз санаи 22-юм то 31-уми декабри соли 2021 машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо курсантони курси 5-ум ба нақша гирифта шуда буд. Санаи 22-юми декабри соли 2021 бо иштироки сардори факултет дар толор маҷлиси ташкилӣ-оперативӣ гузаронида шуда ба курсантон мақсаду мароми гузаронидани амалиёт фаҳмонида дода шуд.
Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин машғулиятҳо кафедраи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ» дар якҷоягии кафедраҳои «Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ» нақша-чорабиниҳои муштарак тартиб дода шуда, дар асоси он курсантони курси 5, ба 3-гурӯҳи таълимӣ тақсим карда шуда, 1-гурӯҳи онҳо дар самти оперативӣ, 1-гурӯҳ дар самти фаъолияти маъмурӣ ва 1-гурӯҳи он дар самти ҳуқуқи ҷиноятӣ фаъолият бурданд. Машғулиятҳо мувофиқи ҷадвал ҳамарӯза аз соати 9:00 то 16:00 гузаронида шуд. Дар рафти ин машғулиятҳо курсантон зери роҳбарии устодони кафедраҳо амал намуданд.
Пеш аз оғози амалиёт аз тарафи устодони кафедра корҳои ташкилӣ ба монандӣ: тайёр намудани лоиҳаи фармон дар бораи гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ, коркард намудани андешаҳои умумӣ оид ба амалиёт, таҳлил намудани вазъияти оперативии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, инчунин коркардҳои методӣ ва андеша-чорабиниҳо дар мавзӯъҳои дуздӣ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тартиб дода шудаанд.
Дар гурӯҳҳои машқӣ оид ба ташкили машқҳои оперативӣ-тактикӣ маҷлисҳои дастурдиҳӣ, тақсимоти курсантон бо нақшҳояшон, тайёр намудани синфхонаҳо, воситаҳои техникӣ ва варақаҳои оперативӣ-хизматӣ, таъмин намудани ташкили фаъолият дар қисми навбатдорӣ, роҳбарии онҳо дар ҷои ҳодиса ва дигар чорабиниҳои якҷоя, ташкил намудани гурӯҳҳои машқӣ дар асоси андешаи чорабиниҳо гузаронида шуданд. Аз тарафи кафедраҳои «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуии мақомоти корҳои дохилӣ», «Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ» ба курсантон воситаҳои техникӣ ва варақаҳои лозимӣ таъмин карда шудаанд. Дар гурӯҳҳо аз тарафи устодон чи тавр иҷро кардани ин ё он нақшҳо фаҳмонида дода шуданд.
Санаи 28-уми декабри соли 2021 аз тарафи гурӯҳи якум машқ дар мавзӯи «Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ё прекурсорҳо», ки дар нақшҳо сардори ШВКД (Сафаров П.), муовини сардор оид ба корҳои оперативӣ (Шукурзода М.) сардори ГМАГҒМН (Мусоев М.У.), муовини сардори ГМАГҒМН (Абдураупов А.А.), ваколатдори калони оперативӣ ШМАГҒММ (Мамаҷонов Шерзод Фарҳодович), ваколатдори оперативӣ ШМАГҒММ (Очилов Меҳронҷон Ғуфронҷонович, Зокирхӯҷазода Ёдгорхӯҷа ва Маҳмудов Мирхонд), муфаттишон (Саидов Ширинбек, Давлатова Шавқия ва Ғафури Дилноза.), ШТК (Дадабоев Шарифҷон, Шарипов Сафар ва Икромов Амир), шахсони холис (Раҳматуллоев Фаёзҷон Фарҳодович ва Мелибоев Ҷамшед Бахтиёрович.) гумонбарон (Эргашев Хуршедҷон Каримҷонович ва Рустамов Саидсарвар Суҳробович), қисми навбадорӣ (Абдуллоев Шаҳром Диловарҷонович ва Саидмуротов Авазбек Улугбекович), нозири минтақавӣ (Иморуддинов Хуршед ва Мазориев Исмоил), шоҳидон (Ҳоҷиев Музафар ва Амонов Мирзосаид) ва гумошта (Тошматов Наврӯзҷон Нозимҷонович) бо роҳбарии муаллими калони кафедра майори милитсия Ибрагимзода Ҷ.И. ва сардори кабинет капитани милитсия Ализода А.А. гузаронида шуд.
Гурӯҳи дуюм машқ дар мавзӯи «Дуздӣ» гузаронида шуд, ки дар он курсантон дар нақшҳои сардори ШВКД (Рузибоев Шоҳрух Ҳасанҷонович), муовини сардор (Маҳмадов Маҳмадқадам Мирмаҳмадович), сардори ШКҶ (Ҷӯраев Авазбек Самидуллоевич), ваколатдорони оперативӣ (Ҳаитов Ҳаитбой Самадович, Салимов Шомуҳабат, Мадбобоев Шероз Ҷафаралиевич, Исроилов Далер Қаҳрамонович ва Машарипов Азизбек Нодирҷонович), ШТК (Саидмамадов Мубориз, Юлдошев Шаҳруз ва Шавкатзода Шаҳбоз), гумонбарон (Қурбонов Лоиқ Шарифович ва Абдуназаров Абдуназар), шахсони холис (Ҳасанова Ёдгора ва Ширинзода Комилҷон), шоҳидон (Зулқайнаров Эҳромҷон Шарофиддинович ва Низомитдинов Шерзод Фахридинович), ҷабрдида (Холматова Муҳиба Музафаровна), қисми навбатдорӣ (Яҳъёев Дилшод Мирмусоевич ва Мираҳимов Маҳмадшоҳ Муминҷонович), нозири минтақавӣ (Собиров Умед ва Мансуров Умед), муфатишон (Ҷалолов Икром, Собири Гулмаҳмад ва Ғафури Дилноза) гумонбаршудагон (Қурбонов Лоиқ Шарифович ва Пулотов Ҷамшед) бо роҳбарии муаллими калони кафедра подполковники милитсия Комилзода З.К. ва муаллими кафедра Раҳмонӣ Х. иштирок карданд.
Дар вақти гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ ҳар ду гурӯҳ маҳорати хуби касбӣ нишон дода амалиётро иҷро карданд, лекин дар гузаронидани амалиётҳо аз тарафи курсантон баъзе камбудиҳо ба монандӣ: саросемакорӣ, камтаҷрибагӣ, аҳамият надодан ба ҳар як ҷузъи дар ҷои ҳодиса буда роҳ доданд.
Аз тарафи гурӯҳи дуюм бошад, гарчанде пеш аз ба ҷои ҳодиса равон кардани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ дастурдиҳӣ гузаронида шуда бошад, ҳам дар ҷойи ҳодиса муфаттишон ба саросемагӣ роҳ дода аз ӯҳдаи роҳбарии гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба осонибаромада натавонистанд.
Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани ин машғулиятҳо кафедраи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ» дар якчоягии кафедраҳои «Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ» нақша чорабиниҳои муштарак тартиб дода шудааст, ки дар асоси он курсантони курси 5, ба 4-гурӯҳи таълимӣ тақсим карда шуда 2-гурӯҳи онҳо дар самти оперативӣ ва 1-гурӯҳ дар самти фаъолияти маъмурӣ ва 1- гуруҳ дар самти тафтишот фаъолият бурданд. Машғулиятҳо мувофиқи ҷадвал ҳамарӯза аз соати 900 то 1600 гузаронида шуданд. Дар рафти ин машғулиятҳо курсантон зери роҳбарии устодони кафедраҳо амал намуда. Ҳамаи изҳои ҷиноят аз тарафи ташхисгарони криминалистӣ гирифта нашуд, ки ин камбудиҳо дар ҷояш бо ёрии устодон ва кормандони амалияе, ки аз РВКД-и вилояти Суғд иштирок доштанд, бартараф карда шуданд.
Санҷиши парвандаҳои омода сохтани курсантон нишон дод, ки онҳо гарчанде дар иҷро кардани нақшҳо ба хуби баромад карда бошанд ҳам, аммо дар тартиб додани қолаби парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ каме бетаҷрибагии худро нишон доданд, ин мушкилии онҳо бо ёрмандии устодон бартараф карда шуданд, дар умум гурӯҳҳои оперативӣ аз уҳдаи вазифаи дар наздашон гузошташуда баромада тавонистанд. Дар тайёр кардани парвандаи оперативӣ курсант Маҳмудов М ва Маҳмадов М. дар оғоз намудани парвандаҳои санҷиши оперативӣ-пешакӣ курсантон Саидмуродов А. ва Холматова М. дар оғоз кардани парвандаҳои ҷинояти бошад, курсантон Саидов Ш. ва Ғафурӣ Д. маҳорати хуб нишон доданд.
Ташкил ва гузаронидани амалиётҳо пурра ба навор гирифта лаҳзаҳои даркорӣ аксбардорӣ карда шуда, суратлавҳа омода карда шуд. Дар гурӯҳи сеюм курсантон зери роҳбарии сардори кафедраи «Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» майори милитсия Вализода Н. ва дар самти тафтишот бо роҳбарии сардори кафедра полковники милитсия Раҳимзода Р. машғулиятҳо гузарониданд, ки дар раванди ин чорабинӣ ҳар як курсант ба вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ таъин карда шуда ба онҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Дар раванди машқҳои оперативӣ-тактикӣ курсантон масъулиятро ҳис карда вазифаҳои хешро иҷро намуданд. Рузи охирон курсантон бо омода намудани парвандаҳои дар самтҳои худ тартиб додаашон баромад намуда, онро ҳимоя намуданд.
Юсуфзода А. Ю., сардори кафедраи ФОҶ МКД, н.и.т., полковники милитсия,
Ализода А.А., сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД, капитани милитсия