Машқҳои оперативӣ-тактикии «Ҷустуҷӯ-2021» бо курсантони курси 5 факултетҳои №2 ва №6 Академияи ВКД
Тибқи талаботи нақшаи таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои сайқал додани дониши назариявии курсантон, ташаккули таҷрибаи амалии фаъолияти онҳо, такмил додани маҳорати қабули қарори дурусти қонунӣ дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ, Фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 декабри соли 2021 таҳти №987 «Дар бораи гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо курсантони курси 5 факултетҳои №2, 5 ва 6» ба имзо расид.
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, супориш оид ба омода намудани парвандаҳои баҳисобгирии оперативӣ, ки курсантон оид ба самтҳои муайян ва ошкор намудани ҷиноят дастурҳояшонро гирифтанд.
Инчунин санаи 28 декабри соли 2021 дар машқҳои оперативӣ-тактикӣ дарсҳои амалӣ вобаста ба дарёфт намудани моддаҳои тарканда, воситаҳои нашъадор ва дастгир намудани ҷинояткори яроқнок аз ҷониби мутахассисони Маркази кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори қисми махсуси таълимии Маркази кинологӣ капитани милитсия Қурбониён З.Н., майори милитсия Маҳмудзода М.М. ва лейтенанти калони милитсия Давлатзода Х.Б. бо истифода аз ду адад сагҳои хизматӣ, дарси назариявӣ ва амалиётҳои заруриро дар сатҳи олӣ гузарониданд.
Аҳтамшозода С.А.