Ҳайдарзода, М.П. Проблемаҳои мукаммалсозии қонунгузорӣ ва квалификатсияи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: монография / Зери таҳрири н.и.ҳ., дотсент Сафарзода Ҳ.С. – Душанбе: «ЭР-граф», 2021. – 212 с.
Ба муносибати таҷлили 30-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Ҳайдарзода Мурод Пирмаҳмад монографияи хешро дар мавзӯи «Проблемаҳои мукаммалсозии қонунгузорӣ ва квалификатсияи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расонида, онро ҳамчун армуғони 30-солагии ин муасиссаи бонӯфз донистааст.
Ин асари барҷастаи муҳаққиқ нахустин маротиба аст, ки дар ҷумҳурии азизамон дар шакли маҷмуӣ ба нашр мерасад ва он ба проблемаҳои мукаммалсозии қонунгузорӣ ва квалификатсияи ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта бахшида шуда, дар меҳвари сиёсати зиддиҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардидааст. Дар он ба ҷанбаҳои таърихӣ-ҳуқуқии пайдоиш ва инкишофи мафҳуми «экстремизм» ва мустақарсозии он дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, мукаммалгардонии мафҳумҳои «фаъолияти экстремистӣ», «ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта» ва дигар мафҳумҳои ҳамҷавор дар қонунгузории амалкунанда, масъалаҳои тафриқабандии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ва дигар ҷиноятҳои ба онҳо монанд афкори арзишманд матраҳ гардида, шаклҳои зӯроварона ва ғайризӯроваронаи экстремизм асоснок карда шудааст. Дар доираи монография ба муаммоҳои қонунгузории амалкунандаи зиддиэкстремистӣ, мухолифатҳо вобаста ба татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта ва қоидаҳои квалификатсияи онҳо ҷавобҳои мушаххас пайдо карда шуда, тавсияҳо оид ба такмил додани асосҳои назариявӣ, ҳуқуқӣ ва амалии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта низ пешниҳод гардидаанд.
Монография барои донишҷӯён, курсантону шунавандагон, магистрҳо, асперантон (адъюнктон), омӯзгорон, олимон, кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва доираи васеи хонандагон, ки завқманди дарки масоили муқовимат ба кирдорҳои хусусияти экстремистидошта мебошанд, тавсия карда мешавад.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр