Гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо курсантони курси 5-уми факултети №5-и Академияи ВКД
Бо мақсади иҷро намудани талаботи нақшаҳои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ, ҷиҳати такмил додани маҳорати касбӣ, ташаккули таҷрибаи амалӣ ва қабули қарори дурусти қонунӣ дар ҳолатҳои воқеии хизматӣ дар заминаи кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 ҷаласаи факултет бо иштироки ҲПО ва кормандони факултети №5 гузаронида шуд.
Дар рафти машқҳои оперативӣ – тактикӣ курсантони курси 5-ум ба якчанд намуди маводи санҷишӣ, аз ҷумла тартиби гирифтани баёнот, пурсиши шоҳидон, азназаргузаронии ҷои ҳодиса ва дигар намуди ҳуҷҷатгузориҳои мурофиавӣ ошноӣ пайдо намуда, мавриди омӯзиш қарор дода, ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб доданд.
Вобаста ба санҷиши техникии объекти интихобии меҳмонхонаи «Душанбе» дар ш.Душанбе ва хомӯш намудани сӯхтори шартӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони обеъектҳои интихобшуда мувофиқа карда шуданд.
Оид ба гузаронидани қисми амалии машқҳои оперативӣ-тактикӣ, рӯзи 25 декабри соли 2021 бо иштироки курсантони курси 5 факултети №5-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кормандони қисми мустақили №54 ва №2 як намоиши машқҳои тактикӣ гузаронида шуд.
Рӯзи 25 декабри соли 2021, соати 09:50-дақиқа ба нуқтаи маркази алоқаи СХДО ВКД ҶТ оиди гӯё сар задани сӯхтор дар бинои асосии Академияи ВКД дар ошёнаи 7-ум хабар расид. Танзимгари калони нуқтмаи маркази мазкур вобаста ба расидани хабари сӯхтор ҷузъу томҳои гарнизони ХДО Душанберо бо даъвати №3 ба ҷои ҳодисаи сӯхтор равона намуд. Ҳангоми ба ҷои ҳодисаи сӯхтор ҳозир шудани қисми оташнишонии аввалин, соати 10-00 дақиқа муайян карда шуд, ки сӯхтор дар Академия дар ошёнаи 7-ум дар масоҳати 170 метри мураббаъ сӯхта истодааст. Ҳангоми татбиқи чорабиниҳои оперативӣ-тактикии оташнишонӣ, сӯхтор дар масоҳати 170 метри мурабаъ иҳота карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар сӯхтори шартии Академия аз ҚМ-и №54 як басти оташнишонон бо ҳайати 7-нафар, аз ҚМ-и №2 як басти оташнишонон бо роҳбарии сардори ситод бо ҳайати 7-нафар ва инчунин як басти оташнишонони қувваи эҳтиётӣ бо ҳайати 7-нафар иштирок доштанд.
Вобаста ба сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расонидашуда, аз тарафи курсантони курси 5 чунин санадҳо тартиб дода шудаанд.
1.Тартиб додани санади сӯхтор.
2.Тасвири нақшаи ҷои сӯхтор.
3. Протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодисаи сӯхтор. Дар рафти гузаронидани азназаргузаронии ҷои ҳодисаи сӯхтор инҳо дарёфт карда ва гирифта шуданд: Асбобҳои худсози гармидиҳанда, ноқилҳои барқии дар девори анбор васлкардашуда ва хокистари маводи сӯхта.
4. Протоколи гирифти далелҳои шайъӣ.
5. Баёноти шоҳидон.
6. Баёноти ҷабрдидагон.
7. Банаворгирӣ ва аксбардории ҷои ҳодисаи сӯхтор.
Хулоса, ҳангоми хомӯш намудани сӯхтори шартӣ дар Академия аз тарафи курсантони курси 5-ум низ чунин амалиёт иҷро карда шуда, сабаби сар задани сӯхтор муайян ва нуқсонҳои ҷой дошта бартараф карда шуданд. Ҳамаи он санадҳое, ки ҳангоми сар задани сӯхтор аз тарафи курсантони курси 5-уми ихтисоси бехатарӣ аз сӯхтор тартиб дода шуданд, дар парвандаҳои санҷиши шартӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор ҳамроҳ карда шуданд.
Муродзода С.С., Ҷамолиддинзода М.Ҷ., муаллимони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД.