Паёми Пешвои миллат раҳнамо ва дурнамои фаъолияти корӣ
Рӯзи 21-уми декабри соли 2021, соати 10:00, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паём ба Маҷлиси миллӣ дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки он аз тариқи шабакаи телевизионии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш карда шуд.
Ҳайати кормандон ва курсантони муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара» Паёми баргузоргардидаро тавассути оинаи нилгун дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷ дастаҷамъона тамошо намуданд.
Сараввал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият ва корҳои фаромӯшнашаванда, ки дар соли 2021 аз ҷумла ҷашни пуршукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд ва барои мардуми тоҷик як рӯзи хотирмон ва фаромушнашуданист, ёдовар шуданд.
Бояд ба ин қадар дастовардҳои даврони истиқлолият шукрона бояд кард, ин кори осон нест дар даврони 30 сол мо як Тоҷикистони се порчагиро ба як мамлакати ободу осуда гардонидем, ки ин заҳмату талошҳои шабонарӯзии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дар Иҷлосияи тақдирсоз худи Пешвои миллатамон ба мардуми тоҷик гуфта буданд, ки ман ҷонибдори давлати соҳибистиқлоли демократии дунявӣ мебошам. Дар ҳақиқат ҳам ҳамин тавр шуд, ки ин як шарафи бузург ва ҳавасу ормонҳои деринаи мардуми тоҷик ба шумор меравад, мо бояд дар ҳама ҷода саҳмгузор бошем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба давлатҳои пешрафта баробар бошад. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёти аҳолӣ мо мардуми тоҷик бетараф набояд бошем, агар мо ба солҳои 1992-1998 назар афканем чи қадар рӯзҳои сахти гуруснагӣ ва дигар азобу машаққатҳо дида мешуд, лекин дар ҳамон давра аз ҷониби заминҳои Президентӣ ба ҳар як оилаи камбизоат ва бесарумон заминҳо тақсим карда шуд, ки ин мардумро аз гуруснагӣ ва дигар машаққатҳои рӯзгор наҷот дод.
Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро дар таҳкими пояҳои давлатӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Бе маориф ягон ҷамъияту давлат пеш рафта наметавонад. Мо кормандонро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро ба дараҷаи баланд бардорем, зеро маориф дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Инчунин назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва англисӣ ҷалб намоем, то барои донистан ва аз худ намудани фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар рафти мулоқот баён гардид, ки аксарияти ҷавонони имрӯзаи мо бисёртар вақти худро тавассути телефонҳои мобилӣ гузаронида, донишҳои замони муоссирро намеомӯзанд, ин ҳам аз як ҷиҳат камбудӣ нисбат ба омӯзгорон дида мешавад, ки методҳои куҳнаро истифода мебаранд. Мо мардуми тоҷик дар асри 21 қарор дорем, бояд аз донишҳои замони муосир истифода барем дар ин росто мо метавонем, ки мутахассисони варзидаро ба бозори меҳнат равона созем.
Барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи ҷавонон мо омӯзгорон кушиш ба харҷ медиҳем, ки озмунҳои гуногун дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ бисёртар ташкил кунем.
Давлати мо соҳибистиқлол аст, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки барои рушду нумуи ватани хеш содиқона хизмат намояд.
Пас аз ба анҷом расидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи директори муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара», номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. ба ҳайати курсантон ва кормандони Коллеҷ муроҷиат намуд, ки мо ҳамаи дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро, ки ба самти илму маориф нигаронида шуда буданд, иҷро менамоем. Курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро зиёд мекунем. Ба аҳли толор тавсия дода шуд, ки аз таҷрибаи рӯзгор, низ дар баробари омӯхтан, дониш бигирему ҷаҳонбинии худро васеъ намоем ва суханони навбатиро ба ҳайати профессорону омӯзгорон бахшиданд. Аз ҷумла, муовини директор оид ба низомӣ ва сафороӣ полковники хизмати дохилӣ Буризода Хурсанд Бурӣ, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, гуманитарӣ тарбиявӣ сиёсӣ подполковники хизмати дохилӣ Имомов Хуршед Амонулоевич ва сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳо лейтенанти калони хизмати дохилӣ Фозилова Шаҳноза Акрамовна аз натиҷаи Пайёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва фикру мулоҳизаҳои хешро баён намудаанд. Пас аз баромади шахсони дар боло зикр гардида директори Коллеҷ ҳамчунин ҳайти доимиро барои ноил гардидан ба дастовардҳо ва пешрафти корҳои таълимӣ - методӣ, илмӣ – тадқиқотӣ ва тарбия намудани курсантон дар руҳияи ватандӯстӣ тарғиб намуд.
Чунин имконоти васеъ барои таълиму тарбия боис ба он мегардад, ки шахсони соҳибтахассус дар оянда тамоми саъю кӯшиш ва дониши андӯхтаи хешро баҳри ободию тараққиёти кишварамон равона созанд.
Ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар баҳри тинҷию осудагӣ ва ободию созандагӣ бояд талош варзида, аз соҳибистиқлолии Ватани гулгулшукуфонамон шукргузорӣ намояд.
Иҷрокунандаи вазифаи директори Коллеҷ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Ҳайдарзода Ш.Ҳ. дар анҷом ба ҳайати шахсӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои додашуда, муваффақияту комёбӣ таманно намуд. Ва қайд кард, ки ҷиҳати мавриди омӯзиш ва иҷроиш қарор додани муҳтавои баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар МДТ «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара» нақшаи чорабиниҳои иловагӣ тартиб дода шуда, рафти омӯзиш ва иҷроиш дар раванди таълим бо курсантон аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон ҳамарӯза расонида шавад.
Фозилова Шаҳноза, и.в. сардори кафедраи фанҳои дақиқ ва забонҳо МДТ “Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лейтенанти калони хизмати дохилӣ.
Сафарзода Хуршед, дотсенти кафедраи фанҳои бехатарӣ аз сӯхтор, лейтенанти калони хизмати дохилӣ.