Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон - зодаи Истиқлолият
Таърихи милитсия
Сафинаи гузаштаат китоби қаҳрамониҳост,
Кашокаши баланду паст ба қасди дар амониҳост.
Басо харобаҳои дил дар ин гузашта дидаам,
Ки сар ба сар ҳақиқати диёри ҷовидониҳост.
Гаҳе ба марг рафтаӣ, барои ҳифзи ин Ватан,
Гаҳе ба разм рафтаӣ, ки лаҳзаи гарониҳост.
Либоси бар низомиву либоси дил зи меҳрҳо,
Хаёлам ин равонаҳо равонаи равониҳост.
Ба рағми ҳар ҷинояте, сипар шудӣ, сипар шудӣ,
Ки доғи ин сипаршавӣ, замони дар замониҳост.
Барои ҷони миллатат чи ҷоннисорӣ кардаӣ,
Ки ҳар саҳифаи хаташ баҳои ҷовидониҳост.
Азизаи Давлатшоҳ
Тоҷикистон Ватанам
Тоҷикистон Ватанам, гулкадаи гулбаданам,
Тоҷикистон Ватанам, шаъшаъаи анҷуманам.
Тоҷикистон Ватанам, чашмаву рӯдат зебост,
Тоҷикистон Ватанам, тарҳу намудат зебост.
Тоҷикистон Ватанам, хонаи ободи манӣ,
Тоҷикистон Ватанам, кафтари озоди манӣ.
Тоҷикистон Ватанам, боғи Биҳишти назарӣ,
Тоҷикситон Ватанам, мазраи кишти назарӣ.
Тоҷикистон Ватанам, хонаи сулҳ, осоиш,
Тоҷикистон Ватанам, хонаи беолоиш.
Тоҷиикстон Ватанам, мазраи умеди манӣ,
Тоҷикиисон Ватанам, хуш Ватани, хуш Ватани.
Азизаи Давлатшоҳ
Ҷашнвора
Бе мактаби ҳунар, як пурҳунар набуд,
Бе мактаби ҳунар, як хушҷигар набуд.
Бе мактаби ҳунар, таҷриба кай шавад,
Бе мактаби ҳунар, дарси зафар набуд.
Си соли тарбият, бодо муборакам,
Си соли тарбият, бодо муборакат.
Устодҳои дарс, устоди илму фан,
Устодҳои фан, устоди анҷуман.
Бе ранҷи боғбон ҳосил намерасид,
Устодҳои ман, ҳосилвари Ватан.
Си соли тарбият, бодо муборакам,
Си соли тарбият, бодо муборакат.
Ин мактаби низом, боми низоми мулк,
Ин мактаби низом, ороми боми мулк.
Ин мактаби низом, сарчашмаи салоҳ,
Ин мактаби низом, шаъну мақоми мулк.
Си соли тарбият, бодо муборакам,
Си соли тарбият, бодо муборакат.
Пешвои ҷовидон, як раҳнаварди мо,
Чун раҳнамуни раҳ дар гарму сарди мо.
Мо содиқони ӯ, мо ошиқони ӯ,
Пешвои ҷовидон, пири набарди мо.
Си соли тарбият, бодо муборакам,
Си соли тарбият, бодо муборакат.
Азизаи Давлатшоҳ
Эҳдо ба 30-солагии Академияи ВКД
Солҳо даргузаранд,
Ёдҳо, хотираҳо нақши гузашти соланд.
Рафтаҳо дар адами соати вақт,
Дар тапиши боланд.
Зиндагӣ даргузар аст,
Дафтари хотираҳо ҳамқадами аҳволанд.
Ҷашнҳо бисёранд,
Ҳар кадом сафҳаи як пайки умед.
Идҳо садрақаманд,
Ҳар кадом сафҳаи як рӯзи умед
Ҳар кадом пораи як ҳарфи умед.
Зодрӯз хоси вуҷуди инсон.
Иди таъсис зи тавлиди ҳаводис хабар аст.
Асари роҳи баду неки касе,
Ё зи роҳи башар аст.
Си соле, ки дар ин кишвар,
Ҳамраҳи як ватани хушманзар,
По ба по пушти саду як ҳодис,
Меравад ҷониби фардои умед,
Маъхази тадрису таълими муҳофизи Ватан,
Мактаби қонуну қонунпарвар.
Таи си соли умед,
Мактаби назмияи хурдакаки гӯшаи шаҳр,
Гашт солортарин мактаби таълими шуҷоатхоҳӣ.
Хонаи тадриси назм,
Назми қонунроҳӣ.
Ҷашни имрӯз муборак бошад,
Ба сари сарвари ин маъхази тадриси шуҷоаткешӣ.
Ҷашни фирӯз муборак бошад,
Ба ҳама ходими ин мактаби мардони адолаткешӣ.
Ҷашни пирӯз муборак бошад,
Ба ҳама толиби ин хонаи дар ҳифзи Ватан.
Дар талоши хешӣ…
Азизаи Давлатшоҳ