Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамқадам бо Истиқлол! Академияи ВКД 30-сола шуд!

OSH 0319

Рӯзи 23 декабр аз таъсисёбии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки дар маҷлисгоҳи Академия ба ин муносибат баргузор гардид, роҳбарияти Вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, мактабҳои олии кишвар, ҳайати кормандону омӯзгорон, курсантону шунавандагон ва собиқадорони ин даргоҳи илму маърифат иштирок намуданд.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва курсантону шунавандагони Академияро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии ин муассисаи олии таълимӣ, ки ҳамқадам бо Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз мебошад, самимона табрику муборак гуфта, ба онҳо тандурустӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, корҳои илмию эҷодӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон комёбиҳои беназир таманно намуд.
OSH 0434

Тавре мавсуф иброз намуд, боиси сарфарозист, ки ҳамаи мо дар чунин чорабинии идона иштирок дорем. Таҷлили солгарди таъсисёбии Академияи ВКД хеле хотирмон мебошад. Новобаста ба он ки 30 сол на чандон таърихи тӯлонӣ аст, вале аз он ҷиҳат хотирмон мебошад, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин даргоҳи донишандӯзӣ дар чунин муддати кӯтоҳ тавонистанд роҳи хеле дарози маърифатомӯзиро тай намоянд.
- Воқеан, Академияи ВКД имрӯз дорои базаи мустаҳками илмиву назариявӣ ва амалӣ буда, фаъолияти он таҳти назорати махсуси роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Гузашта аз ин, дар муддати фаъолияти он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 маротиба, аз ҷумла 30 августи соли 2017 дар маросими ифтитоҳи бинои муҳташами Академия иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, 22 ноябри соли 2019, зимни иштирок дар маросими баистифодадиҳии бинои панҷошёнаи факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Академия, ки дар саҳни ин таълимгоҳи бузург ҷойгир аст, ба ин макони муқаддас қадам ранҷа кардаанд, ки ҳамаи ин шаҳодати таваҷҷуҳи зиёди Роҳбари давлат ба кори таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон мебошад, - иброз намуд муовини Вазир.
Дар идомаи суханронии худ Нозим Иброҳимзода, ҳамчунин аз бандҳои алоҳидаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш ироа гардид, ёдовар шуда, онро ҳамчун дастурамал барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, аз ҷумла барои ҳар як нафар хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ намуд.
OSH 0447

Дар идомаи ҷамъомади мазкур, ҳамчунин муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин, Вазири маориф ва илм Имомзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ, раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус генерал-майори милитсия Василев Александр Павлович, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковники милитсия Ҳотамов Рустам Абдуғаниевич, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Карим Солиев ва масъулину роҳбарони дигар мақомоту сохторҳо суханронӣ карданд.
Дар фарҷоми қисмати аввали ин чорабинии бошукӯҳ бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ чанде аз кормандону омӯзгорони Академияи ВКД бо Ифтихорномаву Раҳматнома ва медалҳои ВКД қадрдонӣ гардиданд, ки дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо супорида шуданд. Дар умум, беш аз 50 нафар бо чунин нишонҳои сарисинагии ВКД мукофотонида шуданд.
Ҳамчунин, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ М. Имомзода дар вазъияти тантанавӣ ба чанд нафар омӯзгорони Академияи ВКД нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақдим намуд.
Дар қисмати дуюми чорабинии идона барномаи ҳунариву фарҳангии кормандону курсантони Академияи ВКД пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.
Дар интиҳои ҷамъомади бошукӯҳ ба ифтихори 30-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бори дигар омӯзгорону собиқадорон, кормандону курсантон, дигар иштирокчиёни чорабинӣ ва ҳайати меҳмонони кишварҳои дӯстро барои ширкат дар ин маҳфили идона хушомадед гуфта, онҳоро бо ин санаи хотирмону таърихӣ, яъне 30-солагии Академияи ВКД табрику муборакбодӣ намуд.
Боиси зикри махсус аст, ки дар чорабинии сатҳи баланд ба муносибати 30-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати меҳмонон - намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии сардори ин таълимгоҳ полковники милитсия Ҳотамов Рустам Абдуғаниевич ва ҳайати кории Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии сардори ин муассисаи олии таълимӣ генерал-майори милитсия Василев Александр Павлович иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози ин маҳфили идона ҳайати меҳмонон бо шароити илмомӯзиву таҳсил ва фаъолияти илмиву педагогии курсантону омӯзгорон ва кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд. Махсусан диққати ҳайати Академияҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Ӯзбекистону Беларусро шароити мусоиди касбу илмомӯзӣ дар факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии (факултети №6) Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худ ҷалб намуд.
Дар доираи ин боздид миёни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияҳои Вазоратҳои корҳои дохилии Ӯзбекистону Беларус санадҳои нави ҳамкорӣ имзо гардиданд.

OSH 1120

Ҳ. ШЕРАЛӢ,
У. ОЛИМ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ,
О. ҲАЙДАРЗОДА

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...