Курсанти Академия соҳиби ҷойи якум дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Боиси шодмонӣ ва шукургузорист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба китобдорию китобхонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, инкишофу такомули онро дар меҳвари фаъолият қарор доданд. Сарвари давлат ҷавҳари ҳастии миллатро дар пойдории фарҳанги миллии он маҳсуб дониста, дар масири таърихи бостонии дар сарчашмаҳо инъикосгардидаи ҳазорсолаҳо, маҳз китобдорию баҳрабардорӣ аз китоб ва китобофарии халқи тоҷикро яке аз воситаҳои боэътимоди наҷот ва бақои миллат маънидод кардаанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ дар чор давр: - даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои деҳот ва шаҳрак;
- даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
- даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
-даври чорум – ҷумҳуриявӣ барои ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Соли сеюм ҳаст, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», хушбахтона, аз пир то ҷавони кишварро ба мутолиа ҷалб менамояд. Дигарбора ба таври оммавӣ рӯ ба китоб овардан падидаест, ки солҳои охир мо онро орзу мекардем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон хиради худододашон бо ташкили чунин озмуни мондагор имкон надоданд, ки мутолиаи китоб ба гӯшаи фаромӯшӣ равад. Шоиста ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавон ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад. Дар чунин озмуни бонуфуз соҳиби ҷою мақоми арзанда шудан боиси ифтихор аст. Зикр намудан ба маврид аст, ки курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар се сол боз дар озмуни зикргардида фаъолона иштирок мекунанд. Имсол то даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» се нафар курсантони Академияи ВКД дар номинатсияҳои адабиёти қлассик, муосир ва бачагона иштирок намуданд. Имрӯз бо ифтихор метавон иброз намуд, ки курсанти курси чоруми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷононаи Зикрулло дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» дар байни муассисаҳои олии кишвар сазовори ҷойи якум гардид. Роҳбари илмии Ҷононаи Зикрулло сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент полковники милитсия Давлатшозода Азиза мебошад.
Ғолиби Озмун - Ҷононаи Зикрулло, бо Дипломи иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағи пулӣ, Сертификати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», сазовор гардид. Ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-курсанти Академияи ВКД ҶТ дар суҳбат бо рӯзноманигорон иброз намуд, ки:
Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,
Ба дониш тавон риштану бофтан.
Яъне танҳо шахси донишманд метавонад асрори чаҳонро омӯзад, метавонад бо дониши бузурги худ хубро аз бад, некро аз зишт, камбудию норасоиро аз афзунию бартарӣ тафовут диҳад. Барои омӯхтани илм истифода кардан аз ганҷинаи бепоён ва дурри гаронбаҳо - китоб истифода бурдан, ниҳоят бамаврид меояд, зеро китоб инсонро дар олами ҳастӣ роҳ нишон медиҳад, соҳибобрӯ мегардонад.
Ҷононаи Зикрулло аз роҳбари илмии хеш - сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд буда, ба мавсуф изҳори миннатдорӣ менамояд. Давлатшоева Азиза, Ҳайдарзода Обид.