Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок намудани роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассотсиятсияи мактабҳои олии ВКД/Политсияи давлат-иштирокчиёни ИДМ оид ба тайёр намудан, баланд бардоштан ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи МКД

IMG 20211210 132135Санаи 10 декабри с. 2021 мувофиқи Нақшаи Ассотсиятсияи мактабҳои олии ВКД/Политсияи давлат-иштирокчиёни ИДМ оид ба тайёр намудан, баланд бардоштан ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи МКД/Политсия ҷаласаи навбатӣ дар шакли он-лайн гузаронида шуд, ки ташкилкунандаи он Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Б. Бейсенови ш. Караганда буд.

Дар рафти ҷаласа ҳисоботи Ассотсияи барои соли 2021, Нақшаи кории он барои соли 2022, ҳамчунин, масъалаҳои фаъолияти Лабораторияи илмии Ассотсиятсияе, ки моҳи апрели соли ҷорӣ таъсис ёфтааст, баррасӣ карда шуданд.
Дар кори ҷаласа тамоми роҳбарони мактабҳои олии ВКД/Политсияи давлат-иштирокчиёни ИДМ, ки аъзои Ассотсия мебошанд, аз ҷумла, Арманистон, Беларуссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Россия иштирок доштанд. Сардори Академияи ВКД Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд кард, ки имсол ҳам барои хамаи мо душвор гардид, ки ин барои баланд бардоштани дараҷаи ҳамкорӣ ангезаи иловагӣ мебошад. Гузашта аз ин, ташкил ва баргузории ин чорабинӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилот ва алгоритми амалҳои марбут ба тарбияи кадрҳои ВКД/Политсияи мамлакатхои мо дар бораи минбаъд чӣ гуна таҳкими муносибатҳоямон андеша намоем. Шарифзода Ф.Р. иброз дошт, ки иқтидори аъзоёни Ассотсиятасия дар оянда ҳам бояд ба наздикшавӣ, таҳкими муколама ва рушди робитаҳои башардӯстона нигаронида шавад.
Дар ҷаласа ҷонишини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. ҳамчун робари Лабораторияи илмии Академияи ВКД Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар охир аъзоёни Ассотсиятсия қарор намуданд, ки фаъолияти Ассотсияи дар соли 2021 (давраи ҳисоботӣ) қаноатбахш арзёбӣ намудан мумкин аст.

IMG 20211210 134200

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...