Курсантдухтари Академияи ВКД қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс шуд
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд. Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11-уми декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Россия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.
Миҷгона Самадова дар вазни 57 кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал 7-уми декабр бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар чорякфинал 8-уми декабр бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал 9-уми декабр бар Малика Шаҳидова (Россия) ва дар финал 11-уми декабр бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид.
Дар мусобиқа, 6 варзишгари дигарамон – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60 кг), Шамшер Саидов (67 кг), Наврӯз Ҷафоев (86 кг), Сулаймон Нидоёров (+92 кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60 кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.