Милитсияи тоҷик
Сафинаи гузаштаат китоби қаҳрамониҳост,
Кашокаши баланду паст ба қасди дар амониҳост.
Басо харобаҳои дил дар ин гузашта дидаам,
Ки сар ба сар ҳақиқати диёри ҷовидониҳост.
Гаҳе ба марг рафтаӣ, барои ҳифзи ин Ватан,
Гаҳе ба разм рафтаӣ, ки лаҳзаи гарониҳост.
Либоси бар низомиву либоси дил зи меҳрҳо,
Хаёлам ин равонаҳо равонаи равониҳост.
Ба рағми ҳар ҷинояте, сипар шудӣ, сипар шудӣ,
Ки доғи ин сипаршавӣ, замони дар замониҳост.
Барои ҷони миллатат чи ҷоннисорӣ кардаӣ,
Ки ҳар саҳифаи хаташ баҳои ҷовидониҳост.
Азизаи Давлатшоҳ