Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни "Муфаттишони беҳтарин"

OSH 7180Мубориза бо ҷинояткорӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Муборизаи пурсамар бе андешидани чораҳои ҳуқуқӣ ва омӯзонидани донишҳои мукаммали ҳуқуқӣ барои ояндаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ наметавонад, ки ба натиҷаҳои назаррас оварда расонад.
Аз ин лиҳоз, 3 декабри соли 2021 дар доираи ҷамъияти илмии курсантони “Мурофиачиёни ҷавон”-и кафедраи мурофиаи факултети № 2 Академияи ВКД озмуни “Муфаттишони беҳтарин” ҷамъбаст гардид.
Озмуни мазкур аз аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ дар байни курсантони фаъоли курси 5-и факултети № 2 оғоз гардида буд.
Курсантон фаъолона дар ду давраи озмун ширкат варзиданд ва аз ҳама фаъолтарашон ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Аз байни 30 нафар курсант фақат 6 нафар курсант дар озмуни ҷамъбастии “Муфаттишони беҳтарин” иштирок намуданд.
Озмуни ҷамъбастӣ аз се шарти асосӣ иборат буд, аз ҷумла муаррифии тим, иҷрои масъала ва тартиб додани ҳуҷҷати мурофиавӣ.
Ҳамин тариқ, ҷойи аввал сазовори тими “Адолат” бо холи умумӣ 68 (Сафарзода Қ.С., Муҳаммадрофеъи А.);
Ҷойи дуюм “Муфаттишони ҷавон” бо холи умумӣ 57 (Турсунова М., Талбов И.);
Ҷойи сеюм тими “Бигзор ҷиноят ноошкор монад, аммо шиканҷа роҳ дода нашавад” бо холи умумӣ 55 (Раҳимзода Ф.. Улмасов С.).
Ғолибони озмуни мазкур аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Роҳбари маҳфили илмӣ, подполковники милитсия Убайдулозода Фируза

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...