Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули Савганди курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД

333333333 декабри соли 2021 дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сардори МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб полковники милитсия Умари Х.А., муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Мусозода М., сардори ШВКД дар ш.Кӯлоб, полковники милитсия Нозимзода Ф.В., роҳбарият, афсарон, курсантон, рекрутон ва волидайни онҳо маросими тантанавии қабули савганди курсантони курси якум ва сеюм баргузор гардид.

Маросимро сардори МДТ Коллеҷи милитсия, полковники милитсия Умари Х.А., оғоз намуда, Суруди миллии Тоҷикистон хонда шуд. Баъд аз воридшавии байрақи Коллеҷи милитсия сардори Коллеҷ, полковники милитсия Умари Х.А. дар баромадаш аз номи Вазири корҳои дохилӣ курсантонро ба муносибати қабули рӯзӣ Савганд самимона табрик намуд.
Дар рафти ин чорабинӣ курсантон ва рекрутони Коллеҷи милитсия тантанавор савганди ҳарбиро ёд намуда, иброз намуданд, ки ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ шомил гардида, ба Ватану миллат ва касби пешакардаи худ содиқона хизмат менамоянд ва манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои хеш боло дониста, сирри давлатӣ ва хизматиро пинҳон медорам, агар ба ин ваъдаи хеш содиқ набошам, бигзор дар назди қонун ва халқ қотеъона ҷазо бинам.
Сипас, сухан ба муовини сардори РК ва КҲШ полковники милитсия Мусозода М. дода шуд. Мавсуф сараввал ҳамаи курсантон ва рекрутони Коллеҷи милитсияро бахшида ба муносибати рӯзӣ қабули Савганд самимона табрик намуд. Дар рафти суханрониаш полковники милитсия Мусозода М., қайд кард, ки кормандони Коллеҷи милитсия тавонистанд бо маҳорату малакаи баланди касбӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ ном ва обрӯи Коллеҷи милитсияро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ намоянд. Маҳз хизматҳои шабонарӯзии кормандони МДТ Коллеҷи милитсия буд, ки дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантони Коллеҷи милитсия сазовори ҷойи якум гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби курсантони курси 3-юм, машқҳои якҳарба ва тактикӣ намоиш дода шуд.

444444444
Омӯзгорони кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ибрагимов Б.М., Саидшоҳи С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...