Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили илмӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

22222222222230 ноябри соли 2021 дар синфхонаи 303-и факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Намудҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз тарафи кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯии МКД бо курсантони курси 4 баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро сардори кафедраи ФОҶ МКД, н.и.т, полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни маҳфили илмиро аз номи роҳбарияти факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба намудҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ суханронӣ намуданд.
Сипас курсанти курси 4, милитсия қаторӣ Латифзода Ш. баромад намуда дар мавзӯи «Намудҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суханронӣ намуд.
Дар анҷоми маҳфили илмӣ байни курсантон ва сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. ва роҳбари маҳфили илмӣ, муаллими калони кафедра, подполковники милитсия Комилзода З.К., саволу ҷавоб, дар мавзӯи мазкур ва дигар масъалаҳо сурат гирифт, ки он ниҳоят шавқовар ва ҷолиби диққат буд.
Қайд кардан зарур мебошад, ки баъди гузаронидани маҳфили илмӣ дар самти оперативӣ теъдоди зиёди курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шавқу рағбати хоса пайдо намуда истодаанд.
Ибрагимзода Ҷ.И., муаллими калони кафедраи ФОҶ МКД, майори милитсия,
Ализода А.А., сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД, капитани милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...