Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси ҷамъбастӣ вобаста ба фаъолияти таълимӣ-хизматии курсантони курси 4 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2021

OSH 7051

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки ҳар моҳ маҷлисҳои ҷамъбастии курсҳои воҳиди таълимӣ-низомӣ дар ҳамаи факултетҳои Академия баргузор карда шаванд ва ҳайати профессорону омӯзгорон назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намоянд, курсантонро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

1 декабри соли 2021 бо роҳбарии муовини сардори Академия оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. дар курси 4 факултети №2 Академия бо иштироки 281 нафар курсантон маҷлиси ҷамъбастии моҳонаи фаъолияти таълимӣ-хизматии курси мазкур гузаронида шуд. Дар маҷлис ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвият бахшидани мутолиаи китобҳои бадеӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, риоя намудани интизоми хизматӣ, роҳҳои муқовимат ба идеологияи экстремистӣ, ба дарс ҳозир нашудан бо автомобилҳои шахсӣ ва телефонҳои мобилӣ ва дигар тавру усулҳои муосири аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, диққати махсус матраҳ гардид.
Инчуин, рафтору фаъолияти ташвишовари 14 нафар курсантон мавриди муҳокима қарор гирифта, барои хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, доштани ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннӣ ному насаби 32 нафар курсантон барои мукофотонидан пешниҳод карда шуданд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...