Маҷлиси ҷамъбастӣ вобаста ба фаъолияти таълимӣ-хизматии курсантони курси 5 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2021
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки ҳар моҳ маҷлисҳои ҷамъбастии курсҳои воҳиди таълимӣ-низомӣ дар ҳамаи факултетҳои Академия баргузор карда шаванд ва ҳайати профессорону омӯзгорон назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намоянд, курсантонро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
30 ноябри соли 2021 бо роҳбарии муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. дар курси 5 факултети №2 Академия бо иштироки 214 нафар курсантон маҷлиси ҷамъбастии моҳонаи фаъолияти таълимӣ-хизматии курси мазкур гузаронида шуд. Дар маҷлис ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвият бахшидани мутолиаи китобҳои бадеӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, риоя намудани интизоми хизматӣ, роҳҳои муқовимат ба идеологияи экстремистӣ, ба дарс ҳозир нашудан бо автомобилҳои шахсӣ ва телефонҳои мобилӣ ва дигар тавру усулҳои муосири аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, диққати махсус матраҳ гардид.
Инчуин, рафтору фаъолияти ташвишовари 11 нафар курсантон мавриди муҳокима қарор гирифта, барои хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, доштани ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннӣ ному насаби 22 нафар курсантон барои мукофотонидан пешниҳод карда шуданд.