Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ
Рӯзи 30-юми ноябри соли 2021, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким аз рафти корҳои сохтмонии бинои Академияи байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Зимни боздид муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати босифат ва боз ҳам хубтару тезтар ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.
Лозим ба ёдоварист, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба миён омадааст.