Тақвияти ҳисси миллии шунавандагон
Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот ибрози андеша намуд. Инчунин қайд намуданд, ки бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар раванди таълиму тарбия масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзго-ронро баланд бояд бардошт, қайд намуд Сардори Акаде-мияи ВКД ҶТ генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., дар ҷараёни дарс бо шунавандагони такмили ихтисос дар факултети №3 Академияи ВКД.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардо-штани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватан-парварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи до-нишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Дар асоси Нақшаи таълимии тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., аз 23-юми июли соли 2021 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои таълимӣ курси такмили ихтисос дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз 24-уми ноябр то 24-уми декабри соли 2021 бо кормандони РМЗҶМ ва РМЗГҒММ баргузор шуда истодааст.
Имрӯз аз тарафи Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., дарс бо шунавандагони курси мазкур дар мавзӯи «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳои махсус» баргузор гардид.
Ғайр аз ин бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ бо нақшаи иловаги намо-яндагони раёсатҳои РКҶ, РМЗҶМ, РМЗГҒММ, РАД, РЧОТ, СМИТ, Раёсати алоқаи ВКД, инчунин олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи Академияи ВКД ва кафедраҳои тахассусӣ са-фарбар шуда истодаанд.