Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии курсантони Академия аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

DSC00680Ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созандаю бунёдкор ва эҷодкор аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф мешаванд. Ин аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар ба хусус Пешвои муазами миллат қарор гирифта буд, Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки яке аз қонунҳои муҳими ҷомеаи навин маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, шоистаи таъкид аст, ки қабули “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз тадбирҳои муҳим дар самти дастгирии давлатии ҷавонон, ташаббусҳои онҳо, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҷавонон мебошад.
Дар ин асос ба курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда, иштироки фаъолона ва ҳамкориҳои судманди Шȳрои ҷавонони Академия ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо вобаста ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, рушди солҳои варзиш дар пойтахт ва ноҳияҳои он, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз номи сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод онҳо бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд, ки дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ аз ҷониби сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ботантана супорида шуд.

DSC00603
Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...