Маҷлиси ҷамъбастӣ вобаста ба фаъолияти таълимӣ-хизматии курсантони курси 2 факултети №2 Академияи ВКД дар моҳи ноябри соли 2021
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар асоси қарори Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омӯзгорони ин даргоҳи илму маърифат муваззаф гардидаанд, ки ҳар моҳ маҷлисҳои ҷамъбастии курсҳои воҳиди таълимӣ-низомиро дар факултетҳои №1,2,3,4,5,6 бо иштироки ҳайати роҳбарикунанда ва курсантону шунавандагон баргузор намуда, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намоянд, курсантонро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Аз ин лихоз санаи 25 ноябри соли 2021 бо роҳбарии муовини аввали сардори Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. дар курси 2 факултети №2 Академия бо иштироки курсантон маҷлиси ҷамъбастии моҳонаи фаъолияти таълимӣ-хизматии курси мазкур гузаронида шуд. Дар маҷлис ба масъалаҳои зарурӣ вобаста ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвият бахшидани мутолиаи китобҳои бадеӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, риоя намудани интизоми хизматӣ, пӯшидани сару либоси низомӣ, роҳҳои муқовимат намудан ба идеологияи экстремистӣ, ба дарс ҳозир нашудан бо автомобилҳои шахсӣ ва телефонҳои мобилӣ ва дигар тавру усулҳои муосири аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, диққати махсус матраҳ гардид. Инчуин, рафтору фаъолияти курсантони сустхон мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифта, барои хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, доштани ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннӣ 17 нафар курсантон барои мукофотонидан пешниҳод карда шуданд.