Викторина дар мавзӯи «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо"
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои баланд бардоштани савияи дониши курсантон, рӯзи 24-юми декабри соли равон аз ҷониби кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6-и Академия бо курсантон – аъзоёни ҷамъияти илмии «Қонун ва низом» дар мавзӯи «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон дар самти ҷиноятҳои хусусияти эктремистидошта», «Викторина» вобаста ба иҷрои банди 42-и фасли 4-уми Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021, доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки гузаронидани чунин як чорабинӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра доимо ба нақша гирифта шуда, мавриди иҷро қарор дорад. Зеро, ин имконият медиҳад, ки савияи дониши назариявӣ ва малакаи касбии курсантонро дар самти муқовимат бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, баланд бардошта, ҳамеша баҳри сулҳу субот ва оромии кишвар хизмат намоянд.
Сухани ифтитоҳии чорабинии мазкурро сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. и. ҳ., подполковники милитсия Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмад ҳусни оғоз бахшида, ҳайати ҳакамонро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.
Раиси ҳакамон, н. и. ҳ., полковники милитсия Қосимов Файзалӣ Маҳмадович – сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1-и Академия.
Аъзои ҳакамон:
- сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6, н. и. ҳ., подполковники милитсия Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмад;
- дотсенти кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 6, подполковники милитсия Шарифзода Умар Шариф;
- муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6, лейтенанти калони милитсия Сафарализода Шерали Сафаралӣ;
- сардори кабинети кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6, лейтенанти милитсия Айнуддинзода Шамида Айнуддин, муайян гардиданд.
Сипас сухани навбатӣ ба ровии маҳфил, роҳбари ҷамъияти илмии курсантони «Қонун ва низом», дотсенти кафедра, полковники милитсия Ёрзода Н. Ҳ. дода шуд, номбурда барномаи маҳфилро вобаста ба давраҳои он қироат намуд.
Даври аввал – номгузорӣ ва муаррифии гурӯҳҳо ба аъзоёни ҳакамон ва иштирокчиён аз ҷониби роҳбарони дастаҳо.
Баҳодиҳии аъзоёни ҳакамон ба қобилияти суханварӣ ва дуруст муаррифӣ намудани дастаҳо аз ҷониби роҳбарони дастаҳо.
Даври дуюм – маърӯзахони беҳтарин, миёни аъзои дастаҳо доир ба мавзӯъ.
Баҳодиҳии аъзои ҳакамон вобаста ба тайёрии баромадкунандагон аз ҷониби намояндагони дастаҳо.
Даври сеюм – аз ҷониби ҳайати ҳакамон пешниҳод намудани саволҳо оид ба тартиб додани намуна аз ҳуҷҷатнигории самтӣ, байни дастаҳо.
Баҳодиҳии аъзои ҳакамон ба дуруст тартиб додани асноди самтӣ.
Даври чорум – аз ҳисоби дастаҳо як нафарӣ хоҳишманд барои барқарор кардани ду расми (фотороботи) порагардида интихоб карда мешавад ва барои барқарор гардонидани расм вақт ҷудо карда мешавад. Кадоме аз онҳо зуд ва бе хато расмро пурра ҷамъ намояд, ғолиб дониста мешавад.
Баҳодиҳии аъзоёни ҳакамон барои зуд ва бехато барқарор гардонидани расм дар вақти муайянгардида аз ҷониби нафарони ғолиб ва ҷамъбастӣ чорабинӣ бо муайян намудани дастаи ғолиб.
Дар рафти маҳфил иштироки фаъоли аъзоёни ҷамъияти илмӣ, курсантони курси 4-уми факултети № 6, сержанти хурди милитсия Шафизода Некзод Расулбердӣ, милитсияи қаторӣ Мирмахмедов Табрез Абдуллоевич, милитсияи қаторӣ Муҳаммадиев Зафарбек Юсуфҷонович, милитсияи қаторӣ Раҳимов Меҳроҷ Муродҷонович, курсантони курси 5-и факултети № 6, сержанти хурди милитсия Содиқов Муҳаммадҷон Муҳидинҷонович, сержанти хурди милитсия Абдуллоев Хуршед Шуҳратович, милитсияи қаторӣ Чилаев Ҷаҳонгир Сулаймонович, милитсияи қаторӣ Давлятов Муминҷон Мирзоалиевич ба назар мерасид.
Дар фарҷоми чорабинӣ дастаи «Ҷавонони мубориз» бо 124 хол (дастаи «Ҷавонон сипари боэътимоди давлат» 120 хол), ғолиби маҳфил дониста шуд.