Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси ҷамъбастӣ вобаста ба фаъолияти таълимӣ-хизматии курсантони курси 3 факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2021

OSH 6625Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар асоси қарори Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омӯзгорон вазифадор гардидаанд, ки ҳар моҳ маҷлисҳои ҷамъбастии курсҳои воҳиди таълимӣ-низомиро дар ҳамаи факултетҳои Академия баргузор намуда, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намоянд, курсантонро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

26 ноябри соли 2021 бо роҳбарии муовини сардори Академия оид ба қисми низомӣ, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. дар курси 3 факултети №2 Академия маҷлиси ҷамъбастии моҳонаи фаъолияти таълимӣ-хизматии курси мазкур гузаронида шуд. Дар маҷлис ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвият бахшидани мутолиаи китобҳои бадеӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, риоя намудани интизоми хизматӣ, роҳҳои муқовимат ба идеологияи экстремистӣ, ба дарс ҳозир нашудан бо автомобилҳои шахсӣ ва телефонҳои мобилӣ ва аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, диққати махсус матраҳ гардид.
Инчунин, рафтору фаъолияти ташвишовари курсантони сустхон мавриди муҳокима қарор гирифта, барои хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, доштани ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои фаннӣ 21 нафар курсантон барои мукофотонидан пешниҳод карда шуданд.

OSH 6614

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...