Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии курсантони курси 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

image-27-11-21-09-50-3Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон шоми 26 ноябри соли 2021 бо иштироки роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муҳтарам Ғаффорзода Давлатҷон ва раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Абдураҳмонов Маъдӣ бо курсантони курси 1 факултетҳои №2,5 ва 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид.
Дар доираи ин чорабинӣ афкори муқтадири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, аз ҷумла чаҳор ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, нақши ҷавонон дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан, накши сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, вазъи мураккаби ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон ва худшиносиву меҳанпарастии насли наврас мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Курсантони курси 1 факултетҳои №2,5 ва 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадҳои худ дар назди меҳмонон бо шеъру суханҳои орифонаи худ вобаста ба садоқат ва Ватан, халқу миллат ва Президенти кишвар аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҷавон истиқбол карданд .

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...