Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо таълимгирандагони синфҳои болоӣ аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои Муъминобод ва Балҷувон

0-02-02-d7e7a90e269d69cf89baf8b38921d5d01989b3b3573861cd23b44a24c99393ac 1fabbfaa5271d7ba22-25-уми ноябр дар ноҳияҳои Муъминобод ва Балҷувони вилояти Хатлон сӯҳбату вохӯриҳо дар асоси иҷрои талаботи Нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои банди 1-уми нақшаи кории якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе бо таълимгирандагони синфҳои болоӣ аз ҳисоби духтарон, ҷиҳати ҷалби духтарони ноҳияҳои дурдаст ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби омӯзгорони Академияи ВКД, зери роҳбарии Раиси Шӯрои занони ВКД, дотсенти кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол ташкил ва гузаронида шуд.

Гурӯҳи корӣ сӯҳбату вохӯриҳоро дар ноҳияҳои Муъминобод ва Балҷувони вилояти Хатлон миёни хатмкунандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор намуда, аз чунин таваҷҷуҳи пайваста ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби духтарони кӯҳистон барои таҳсил дар Муассисаҳои олии таълимӣ ибрози назар намуданд.
Албатта, мақсад аз ташкил намудани гурӯҳи корӣ, ҷалби духтарони кӯҳистон, алалхусус минтақа ва ноҳияҳои дурдаст барои омӯзиш дар Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла Академияи ВКД мебошад.

IMG-20211123-WA0005
Хушвахтзода Бибихол Ғафур,
Раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳуриии Тоҷикистон, полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...