Фаъолияти маҳфили илмии курсантони факултети №4 Академияи ВКД
Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Илм - сарвати бебаҳо буда, қобилияти зеҳнии ҳар як кишвар ба нерӯи тавоноии он алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоии худ ба рушди илми ватанӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, дар ин самт ислоҳоти заруриро амалӣ карда истодааст.
Дар сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон соҳаи маориф самти афзалиятнок эътироф шудааст ва Ҳукумати мамлакат ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, маблағгузории онро давра ба давра афзоиш дода истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ соҳаҳои илму маорифро пояи асосии рушд ва амнияти кишвар номида буд. Ин масъала дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният” низ таъкид шудааст, ки “хароб гардидани сифати таълим ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ карда мешавад”. Зеро дар шароити имрӯза амнияти миллии кишварҳо аслан аз тариқи баланд бардоштани фаъолияти илмиву технологии тамоми соҳаҳо, рушди сармояи зеҳнӣ ва сатҳи баланди рақобатнокӣ, таъмин карда мешавад.
Аз ин лиҳоз роҳбарияти факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ташаббус ва диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, фаъолияти Ҷамъияти илмии курсантон ва маҳфилҳои кафедраҳоро зери назорат гирифтааст. Дар кафедраҳои факултети № 4 чунин маҳфилҳи илмӣ фаъолият намуда истодаанд:
Дар кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ - маҳфили илмӣ бо номи “Ориён”, дар кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ- маҳфили илмӣ бо номи “Ҳуқуқшиносони умедбахш”,дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ- маҳфили илмӣ бо номи “Ҳуқуқшинос”, дар кафедраи ФОҶ МКД- маҳфили илмӣ бо номи “Пайгир”, дар кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ- маҳфили илмӣ бо номи “Ҳомии тартибот” ва дар кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ- маҳфили илмӣ бо номи “Тирандоз” фаъолият намуда истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки маҳфилҳои мазкур дар кафедраҳо фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши курсантон кушиш ба харҷ дода ба натиҷаҳои назаррас низ ноил гардиданд. Чунончӣ: Аз ҷониби аъзоёни маҳфилҳои илмии кафедраҳо 18 мақолаҳои илмӣ ва тезизҳои курсантон пешниҳод карда шуд, ки аз натиҷаи он роҳбарияти факултети № 4 як адад маҷмуаи мақолаҳои курсантон бахшида ба 30 солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашр карда шуд.
Мо устодон ва омӯзгорони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд кушиш ба харҷ диҳем, ки сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба таври зарурӣ ба роҳ монда шуда, тамоми шароити зарурӣ барои донишандузии курсантон муҳайё созем.
Муҳаммадиев Н.Б., муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия