Парчам барои миллат - эътибору шараф ва барои Ватан - нишони муқаддас
Имрӯз мо рӯзи Парчами Тоҷикистонро дар саросари кишварамон ҳамчун яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ бошукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем. Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии худ дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.
Рӯзи Парчам дар қатори чашнҳои нави миллӣ, ба монанди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забон рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ мебошад.
Худи парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишони муқаддас мебошад. Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадимулайём маҳз парчам ба хисоб меравад. Аксарияти муҳаққиқон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар давоми бештар аз чор ҳазор соли маълуми таърихи дирафшҳо, ки аввалини онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд, қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон бори нахуст дирафши давлатиеро ба вуҷуд оварданд, ки ба нишонаҳои имрӯза монанд буданд.
Имруз бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои шоҳиву давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то ба имрӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд. Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ - рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Парчами Тоҷикистон ҳамқадам ва рамзи истиқлолияти давлатӣ буда, санаи қабули он ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори нахуст 24 ноябри соли 2009-ум бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ таҷлил гардид, ки ин ифтихори хар яки мо мебошад. Ин ифтихор бештар аз ҳама ифтихороти дигари мебошад, зеро таҳти ин дирафш аҷдоди ин миллати арҷманд садҳо ва ҳазорҳо сол саф кашида, аз ватану миллат, озодиву номус, дину фарҳанг ва муҳимтар аз ҳама, аз марзу буми поки ачдодони худ худ ҳимоят кардаанд. Парчам барои мо як пора матои оддӣ набуда, дар он рамзи ҳамаи давлатҳои таърихии миллати мо дарҷ гардидааст ва арҷ гузоштан ба он вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо мебошад. Аз ин хотир, парчами миллӣ дар миёни мардум бояд баробари дигар рамзҳои миллиамон азизу гиромӣ ва муқаддас бошад.
Аз муносибате, ки шаҳрвандони ҳар як мамлакат ба рамзҳои миллии худ, аз ҷумла, парчами давлатӣ доранд, метавон ба хубӣ пай бурд, ки онҳо давлату миллати худро то кадом андоза дӯст медоранд ва ба арзишҳои миллии худ чӣ гуна эҳтиром мегузоранд. Дӯст доштан ва эътироф намудан дар он сурат умумимилливу мардумӣ ва комил мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё чорабиниҳои давлативу миллӣ ҳар як шаҳрванд ҳамеша манзалат ва эҳтироми парчами давлати хешро қадр карда тавонад. Ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд.
Пас мо низ ҳамчун ворисони сазовори яке аз асосгузорони дирафшҳои бузурги шоҳиву давлатӣ дар ҷаҳон бояд аз чунин иқдомоти созанда, ки барҳақ дар роҳи худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳкими давлатдории навинамон саҳми бевосита гузошта метавонанд, васеъ истифода намоем.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оғози таърих то ба имрӯз мебошад.
Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ва рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад.
Ин аст, ки дар даврони истиқлолият барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.
Аз файзи истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад.
Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.
Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Итминони комил дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд.
Бо чунин орзӯҳои нек ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сари ҳамчун парчам баланду рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям.
Бигзор, меҳру муҳаббати мардум ба Парчами миллӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, беш аз пеш афзун гардад.
Бигзор, парчами халқи тоҷик, дирафши фатҳу иршоди тоҷик то абад парафшон бошад!
Ҷашни Парчами миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!
Бобоқулов Сомоншоҳ Хайруллоевич, курсанти курси 3-юми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон