Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаи идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Академияи ВКД

259812141 432024178546100 4396092909995375478 n123-юми ноябри соли 2021 бо ташаббуси шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон, тантанаи идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид.

Тантанаи идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар мавзӯи «Парчами мо - ифтихори мо» маърӯзаи муфассал намуда, аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар рӯзи 24-ноябри соли 1992 ва маросими қабули Парчами давлатӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳамагон бояд ба хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комили сиёсӣ, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва рамзҳои муқаддаси он мудом арҷгузорӣ намуда, шукри сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат намоянд, ки чунин давлати ободу тинҷ, шароитҳои муосири таълиму тарбияро муҳайё намудаанд.
Сипас сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, н.и.ҳ., майори милитсия Заробидинзода С.З. дар мавзӯи «Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд.
Аз ҷониби муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А. Фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ намудани сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ қироат гардид.
Сардори Академия иброз намуд, ки ин заҳмати ҳамаи кормандони Академия дар самти инкишофи таълиму тарбия ва рушди забони давлатӣ маҳсуб меёбад.
Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандони шоиста Толиб Абдуллоев ва Хайриддини Бозор, дастаи ҳаваскорон - кормандони Академия сурудҳо дар васфи Парчами давлатӣ сароида, табъи ҳозиринро болида намуданд. Курсантони Академия низ дар бораи васфи Парчами давлатӣ шеърҳои шоирони тоҷикро бо самимият қироат намуданд.
Дар фарҷоми тантанаи идона сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бори дигар ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику тахният намуда, ҳунармандони шоиста Толиб Абдуллоев ва Хайриддини Бозорро барои ҳамкорӣ ва мусоидат бо мақомоти корҳои дохилӣ бо медали ҷашнии «25-солагии Академияи ВКД» аз номи Вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ намуд.
Тантанаи идона бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ дар Академияи ВКД дар фазои шодию фараҳ, шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил, арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат ва Парчами давлатӣ гузашта, дар хотираи иштирокчиён нақш баст.

259815770 432023225212862 1710830242194727971 n

260702560 432023315212853 196583111483728980 n

OSH 6420 1

OSH 6501 1


Асламов Б., Сафарова С., Ҳайдарзода О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...