Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки курсантони Академияи ВКД дар Ҳамоиши ҷавонон

20211122 132537Бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши ҷавонони касбу кори гуногуни кишвар ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» дар толори фарҳангии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар баробари ҷавонони фаъол ва болаёқати донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва донишҷӯёни хориҷие, ки забони тоҷикиро медонанд, шаш нафар курсантони фаъоли Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин Ҳамоиши бошукӯҳ иштирок намуда, достони «Дар ситоиши Пешвои миллат», ки ба қалами шоир Ниҳонӣ тааллуқ дорад, қироат намуданд.
Инчунин курсантони Академияи ВКД дар раванди саволу ҷавоб аз таърихи Парчам, таърихи забони давлатӣ (тоҷикӣ), низ фаъолона иштирок намуда, сазовори «Сипоснома»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Давлатшоева А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...