Сӯҳбату вохӯриҳо бо таълимгирандагони синфҳои болоӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш
Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Барномаи ислоҳоти милитсия барои соли 2021, ҷиҳати ҷалби бештари занону духтарон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби омӯзгорони Академияи ВКД, зери роҳбарии Раиси Шӯрои занони ВКД, дотсенти кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, полковники милитсия Хушвахтзода Бибихол рӯзҳои 17-20-уми ноябр дар ноҳияҳои минтақаи Рашт сӯҳбату вохӯриҳо бо таълимгирандагони синфҳои болоӣ аз ҳисоби духтарон ташкил ва гузаронида шуд.
Албатта, ҳадаф аз ташкил намудани гуруҳи корӣ, ҷалби духтарони кӯҳистон, алалхусус минтақа ва ноҳияҳои дурдасти Рашт барои омӯзиш дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла Академияи ВКД мебошад.
Гуруҳи корӣ суҳбату вохӯриҳоро дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш миёни хатмкунандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, директорони мактабҳо, роҳбарони бахши занон ва оила, мудирони шуъбаи маориф ва илм, намояндагони фаъоли ҷамоатҳо аз ҳисоби занон ва умуман намояндагони касбу кори гуногун баргузор намуда, аз чунин таваҷҷӯҳи пайваста ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҷалби духтарони кӯҳистон барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ ибрози назар намуданд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин сӯҳбату вохӯриҳо дар асоси нақша идома дошта, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи корӣ ба вилояти Хатлон низ сафар анҷом диҳанд.
Хушвахтзода Бибихол Ғафур,
Раиси Шӯрои занони ВКД Ҷумҳуриии Тоҷикистон, полковники милитсия