Мизи мудаввар дар мавзӯи «Давраҳои таърихии инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»
18 ноябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Давраҳои таърихии инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз ҷониби кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни мизи мудавварро аз номи роҳбарияти факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оид ба инкишофи таърихии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ суханронӣ намуд.
Сипас муаллимаи кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД лейтенанти милитсия Ревазода М.Р., баромад намуда дар мавзӯи «Давраҳои таърихии инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» суханронӣ кард.
Дар анҷоми мизи мудаввар байни курсантон ва сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., саволу ҷавоб, дар мавзӯи мазкур ва дигар масъалаҳо вобаста ба кори ҳамарӯзаи ваколатдори оперативӣ, сурат гирифт, ки он ниҳоят шавқовар ва ҷолиби диққат буд.
Қайд кардан зарур мебошад, ки баъди гузаронидани мизи мудаввар дар самти оперативӣ теъдоди зиёди курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шавқу рағбати хоса пайдо намуда истодаанд.
Ибрагимзода Ҷ.И., муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД майори милитсия,
Ализода А.А., сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия