Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри китоби дарсӣ аз фанни криминалистика

Обложка 1Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии дуҷонибаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо ибтикори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва олимони маъруфи Россия, Ходими шоистаи илми Россия, д.и.ҳ., профессор Лавров В.П., Ходими шоистаи илми Россия, д.и.ҳ., профессор Волинский А.Ф. дар нашариёти «Эр-граф» китоби дарсӣ аз фанни криминалистика аз чоп баромад.

Китоби мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ барои Мактабҳои олӣ тавсия гардид. Муқарризони китоб: Гаврилов Б.Я. -профессори кафедраи Академияи идоракунии ВКД ФР, Ходими шоистаи илми Россия, Ҳуқуқшиноси шоистаи ФР, д.и.ҳ., профессор, генерал-майори мустаъфии адлия, Зоир Ҷурахон Маҷидзода – сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, профессори ДМТ, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1, генерал-майори милитсия, Искандаров Зайниддин Ҳомидович - профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, д.и.ҳ., профессор, Назаров Аваз Қувватович - мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти судӣ-экспертии ДМТ, д.и.ҳ., дотсент маҳсуб меёбанд.
Дар тахияи китоби дарсӣ коллективи муаллифон аз Академияи ВКД ҶТ, Академияи идоракунии ФР, Донишгоҳи Москвагии ВКД ФР ба номи В.Я.Кикотя ширкати фаъол намуданд.
Дар китоби дарсӣ таърихи пайдоиши илми криминалистика, асосҳои консептулӣ ва амалии 4-қисми асосии криминалистика: назарияи умумӣ, техникаи криминалистикӣ, тактикаи криминалистикӣ, методикаи тафтиши ҷиноятҳои алоҳида, мафҳумҳои асосӣ, моҳияти фанни криминалистика пурра баён ёфтаанд.
Дар таҳияи китоби мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД ҶТ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Солиев К.Ҳ., сардори Академияи ВКД ҶТ, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., сардори факултети №1 Академияи ВКД ҶТ н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД ҶТ, н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М., сардори Маркази илмӣ-тадқиқотии Академияи идоракунии ВКД ФР, н.и.ҳ., дотсент, полковники политсия Лапин В.П., Ходими шоистаи илми Россия, д.и.ҳ., профессор, генерал-майори политсия Аверянова Т.В., дотсенти кафедраи криминалистикаи Академияи Москвагии Кумитаи тафтишотии ФР, подполковники адлия Василева М.А., сардори кафедраи идоракунии мақомоти тафтишотии Академияи идоракунии ФКД ФР, д.и.ҳ., дотсент, подполковники политсия Гаврилин Ю.В. саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Коллективи муаллифон барои кӯмак дар таҳия ва нашри китоби дарсӣ аз фанни криминалистика ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Федератсияи Россия изҳори минатдории бепоён менамоянд, ки чунин китоби таълимии муҳимро барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос муштаракан омода намуданд.
Самиев Н.М., Асламов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...