Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи Парчами миллӣ дар Маркази таълимии ВКД

IMG 512724-уми ноябри соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. 30-юми августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд, ки баландии он 165 метр буда, яке аз баландтарин пояи Парчами давлатӣ дар ҷаҳон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати "Рӯзи Парчам" аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ дониста қайд намуданд: «Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад», иброз намуд дар суханронии хеш сардори Маркази таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назирбеков Додобек дар конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Доктори илми таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Убайдулло Насрулло дар мавзӯи «Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи давлатӣ» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад.
Дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон парчами хурди фулузиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад. Номбурда дар ҷараёни суханронии хеш рангҳои Парчамро низ шарҳ дода, онро рамзи давлатдорӣ номид.
Доктори илми филология, профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ Худойдодов Аъзам, низ дар идомаи суханронии хеш иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи Парчам табрик намуда аз таърихи забони тоҷикӣ, ки дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, ба мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, нишони давлатдорист, ибрози андеша намуда, аз асарҳои Пешвои миллат, бахусус китоби «Забони миллат - ҳастии миллат», ки таҷассумгари таърихи забони тоҷикӣ мебошад, инчунин суханҳои Пешвои миллат дар мавриди арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ андешаҳои худро баён дошт.
Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД полковники милитсия Давлатшозода Азиза суханронии хешро аз шеъри «Ба Пешвои миллат» оғоз намуда, аз «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ дар бораи Дирафши Ковиён суҳбат намуд. Номбурда зикр кард, ки Дирафши Кавиён то замони мо аҳамияти таърихии худро хифз карда, он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ - арҷгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузаштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатова, Раҳмонзода, Мадаминова, Ҷалолзода аз ашъори шоир Ниҳонӣ достони «Дар ситоиши Пешвои миллат»-ро қироат намуданд.
Дар фарҷом ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон Зарипов бо суруду таронаҳои тозаэҷоди хеш руҳияи иштирокчиёнро болида сохт.
Давлатшоева Азиза

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...