Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчамат бодо парафшон - Тоҷикистон

DSC00486Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ботантана таҷлил мегардад. Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну латофату зебоии иловагӣ бахшид. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз замонҳои қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Парчамро аз замонҳои қадим дар ҷангу муҳорибаҳо парчамбардорон пешопеши лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани парчам нишони шикасту мағлубияти давлат ба ҳисоб мерафт.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат буда, ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг, ранги сурх - озодиву истиқлол, ранги сафед - сулҳу оромӣ, ранги сабз - ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Бахшида ба ин санаи муборак дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои илмию адабӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор гардида истодаанд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ маҳфили илмии курсантон таҳти унвони «Забондон» бо иштироки курсантони курси якум, дуюм ва сеюми факултетҳои №2, 5, 6 дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон - Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баргузор гардид. Курсантон бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи Парчам, таърихи Парчам, Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият шеърҳо қироат намуда, порчае аз достони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Кова ва Заҳок»-ро нишон доданд. Маҳорати забондонӣ, тарзи қироати шеъру достон, шарҳи вожаҳои иқтибосӣ, суханварӣ иштирокчиёни маҳфилро рӯҳбаланд намуд.
Давлатшозода Азиза,
Камолов Давлат

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...