Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масоили татбиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия»

DSC00412Санаи 17 ноябри соли 2021дар Академияи ВКД конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили татбиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия» бо ширкати раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокрори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Точикистон, муовини якуми деректори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Точикистон ва омӯзгорону курсантони Академия баргузор гардид.

Созмондиҳандагони конференсия кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД буда, кори онро ба ҳайси модератор - муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. оғоз намуд. Сипас дар конференсияи мазкур иштирокчиён бо мавзӯъҳои гуногун баромад намуданд аз ҷумла: Маърӯзаи Қодирзода Тоҳир Қамар – раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи дараҷаи олӣ, н.и.ҳ. дар мавзӯи: «Ҳуқуқи субъективӣ ва принсипҳои баамалбарории он дар муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ»; Раҷабиён Баҳодур Олмаҳмад – прокрори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Точикистон, мушовири адлияи дараҷаи 1 дар мавзӯи: «Муносибатҳои қарзӣ ва кредитӣ: назария ва амалия»; Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ – муовини якуми деректори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, дар мавзӯи: «Масоили татбиқи қонунгузории гражданӣ дар масъалаҳои меросгузории ҳуқуқи истифодаи қатъи замин»; Нуриддинов Саидбек Ҳасанович – раиси иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Точикистон, дар мавзӯи: «Хусусиятҳои иштироки адвокат дар мурофиаи судии гражданӣ»; Расулова Дилноза – ассисенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии тиҷорат дар интернет»;
Дар фарҷоми конференсия як қатор тавсияҳои муфиди илмӣ ва амалӣ қабул гардиданд.
Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...