Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курси такмили ихтисос барои кормандрни самти таҳқиқ ва тафтишот

DSC00405Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, омода намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи реҷаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., аз 23 июли соли 2021 таҳти №1711 бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ курси такмили ихтисос бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти таҳқиқ ва тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябр то 18 ноябри соли 2021 доир гардид.

Дар навбати худ бо дастуру супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., дарсҳои таълимии курси такмили ихтисос барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар самти таҳқиқ ва тафтишотӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои таълимӣ дар сатҳи баланди касбӣ аз тарафи олимони Академия ва дигар омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ дар синфхонаҳои махсус муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълимии факултети №2,3,6 гузаронида шуданд.
Роҳбарияти Академия ва ҳайати профессорону омӯзгорон дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоиро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои навро роҳандозӣ менамоянд.
Баъди хатми курси мазкур аз тарафи муовини сардори Академия, н.и.ҳ, полковники милитсия Саидзода З.А. ва сардори факултети №3 н.и.х, подполковники милитсия Амридинзода М.А., ба хатмкунандагон «Сертификат»-ҳо супорида шуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...