Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар факултети №4 Академияи ВКД

3476347516-уми ноябри соли 2021 дар факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик аз тарафи кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ дар доираи ҷамъияти илмии курсантон мизи мудаввар дар мавзӯи «Милитсия - ҳимоятгари халқ» бо иштироки муовини сардори факултет оид ба қисми низомӣ, подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х., сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ капитани милитсия Ғоибназарзода П.Қ., дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос полковники милитсия Муҳиддинзода Х., муаллими калони кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ подполковник Исмоилзода О.Н., устодону омӯзгорон ва курсантон баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултет оид ба қисми низомӣ подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х ҳусни оғоз бахшида ба ҳозирин иброз намуд, ки дар ҳақиқат милитсияи тоҷик аз солҳои авали таъсисёбӣ то ба имрӯз бо чандин мушкилиҳои сангин рӯ ба рӯ шуда, ҳамаи мушкилиҳоро бомуваффақият паси сар намуда, имрӯз ба як мақомоти муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфтааст.
Дар рафти семинар инчунин роҳбари ҷамъияти илмии курсантони кафедра муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ лейтенанти калони милитсия Абдукаримзода М.А., дар мавзӯи «Милитсия - сипари боэътимоди ҷомеа», курсанти курси 1-уми гурӯҳи 105 қаторӣ Мирзоев Қ., дар мавзӯи «10-ноябр - Рӯзи милитсияи тоҷик» бо маърӯзаҳо баромад намуданд, инчунин курсанти курси 1-уми гурӯҳи 105 аз эҷодиёти худаш шеър дар васфи «Пешвои миллат» қироат намуд.
Дар хотимаи мизи мудаввар байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, иштирокчиён доир ба нақши милитсияи тоҷик дар ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ибрози андеша намуданд.

Абдукаримзода М.А.,

муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ,

лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...