Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсантони Академияи ВКД - ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

IMG 5402Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар аз моҳи апрели соли идома дорад.

Бояд зикр намуд, ки курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари донишҷӯёни дигар муассисаҳои олии кишвар иштирокчии фаъоли ин озмун мебошанд. Дар даври якум, дуюм (ноҳиявӣ) ва сеюми (шаҳрӣ) озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Рӯзи 16 ноябри соли 2021 дар «Кохи Суруш» маросими ҳавасмангардонии иштирокчиёни даври шаҳрии озмун баргузор гардид.
Курсанти курси чоруми гурӯҳи таълимии 403 Ҷононаи Зикруллоҳ аз номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷойи сеюм гардида бо «Диплом»»-и Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид.
Маҳмадуллозода Довудхуҷа курсанти курси чоруми гурӯҳи таълимии 402 бо «Ифтихорнома»-и Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовор гардида, роҳхат барои иштирок дар даври чоруми озмунро ба даст овард.
Ба курсантони ғолиб барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун, ки моҳи декабри соли 2021 баргузор мегардад, комёбиҳо таманно дорем.
Давлатшоева А.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...