Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмуни «Шеър, достон ва мақолаи публисистии беҳтарин дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

OSH 5506

16-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Зеро дар ҳамин рӯз соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.

Мусаллам аст, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини мо, дар даврони Истиқлол, Иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахши миллат ба шумор меравад. Он кишвари моро аз парокандагӣ, аз вартаи ҳалокат вораҳонд ва муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи таърихӣ ҷавонмарди хирадманду ҷасур ва халқпарасту ватандӯст - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард. Дар шахсияти ин марди диловар миллат сарвари шоистаи худро ёфт ва ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид гашт. Имрӯз мардуми саодатманд ва сарбаланди тоҷик бо ифтихор ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоянд.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он низ як қатор чорабиниҳои илмӣ, амалӣ, фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Дар ин радиф 16-уми ноябр дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид, ин маросими ҳавасмандгардонии иштирокчиёни озмуни «Шеър, достон ва мақолаи публисистии беҳтарин дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Озмуни зикргардида, тибқи Нақша-чорабиниҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни ҷавонони фаъоли кишвар эълон гардида буд.
Бо садо додани Суруди миллӣ маросими ботантана дар толори ба таври идона орододаи Академияи ВКД оғоз гардид. Яке аз ҷавонони фаъоли кишвар Қодиров Ф. иштирокчиёни чорабиниро бо ин санаи муборак табрик намуда, муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Расулзод Л. дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ» суханронӣ намуд.
Пас аз суханронии Роҳбари ҳайати ҳакамон Хайриддин Хайрандеш – шоири халқии Тоҷикистон вобаста ба эҷоди ҷавонон ва наврасон, ки шеъру достон ва публисистикаашон ба Пешвои муаззами миллат бахшида шудааст, маросими тақдим намудани туфаҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун таҳти мусиқии мутантан оғоз гардид.
Ҳайати ҳакамон, иборат аз мутахассисони шинохта таҳти роҳбарии шоири халқии Тоҷикистон, устод Хайриддин Хайрандеш озмунро ҷамъаст намуда, зиёда аз 11-нафар ҷавонон - иштирокчиёни фаъоли озмун сазовори мукофотҳои қиматбаҳо гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинии идона сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. вобаста ба дастгирии ояндаи ҷавонон аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, иштирокчиёни озмунро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Номбурда қайд кард, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест»…

0-02-02-744bd1ceceeb9366448148bf579ac30035454647d6672be953f02275eff61d8f 83e7e1fa933515ab

OSH 5581

Давлатшоева Азиза

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...