Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети № 4

97878

Эй чеҳраи пурзиёи миллат, хуш бош,
Шоистатарин бақои миллат, хуш бош.
Дар роҳи мурод бо шумоем, Шумо,
Эй роҳбари раҳкушои миллат, хуш бош.
16-уми ноябр вобаста ба ин ҷашни хотирмон дар ҳудуди факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ҳайати роҳбарикунандаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарон, курсантони факултет, иштирок намуданд. Ҷамъомади тантанавиро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Одиназода А.Ш. ҳусни ифтитоҳ бахшида дар бораи ҳифзи асолати миллӣ ва арзишҳои миллӣ сухан намуд.
Дар баробари соҳибистиқлол гаштан халқу миллати моро роҳбаре насиб гашт, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонгаштаи тоҷикро муттаҳид сохта, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқи шаҳрвандӣ хотима бахшад. Рӯзи 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст ва мо ҳамасола рӯзи 16-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн мегирем. Мақсад аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа худ шурӯъ намудааст. Ин рӯзи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу озодиҳо ва овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохтанд, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии Президенти кишвар мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки 30 сол қабл ӯ чун Пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуд. Фарҳанги аздастрафтаро эҳё бахшиданашон эшонро раҳнамову пешвои миллат сохт. Ин боз як омили муттаҳид гаштани тоҷикони тамоми дунё дар атрофи Роҳбари давлати тоҷикон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияшон Пешво кард. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ, осорхонаву китобхонаи миллии замонавӣ, парчаму нишони миллӣ, бинои муҳташами Қасри миллат ва чанде дигар, ки дар маркази шаҳри Душанбе ба таври рамзӣ дар як ҳудуд қомат афрохтаанд, худ як гувоҳномаи бузурги фарҳанги миллати куҳанбунёди мост. Бо тасмими бевоситаи Пешвои миллат яке аз бузургтарин масоҷиди Осиёи Марказӣ дар як гӯшаи пойтахт бунёд ёфт, ки рӯйдоди бузурги фарҳангӣ дар ҷаҳони ислом аст. Ин бунёдҳо барои наслҳои минбаъда чун як санади кафолат дар роҳи шинохти ҳастии миллати тоҷик мебошад, зеро таҳти роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ба маротиб боло меравад.

Муқимзода М.М.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...