Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонони касбу кори гуногун бахшида ба Рӯзи Президент» таҳти унвони «Пешвои мо Ифтихори мост»

OSH 5186

13-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонони касбу кори гуногун бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои мо Ифтихори мост» баргузор гардид.

Иштирокчиёни ҳамоишро қаровули фахрӣ истиқбол намуда, ба меҳмонон дастовардҳои Академия ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Академия, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Ш. ва намояндагони Шȳрои ҷавонони Академия ширкат доштанд.
Кори ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ ёрдамчии сардори Академия, д.и.ҳ., полковники милитсия Назарзода Н.Ҷ. оғоз намуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Точикистон садо дода шуд.
Сипас, полковники милитсия Назарзода Н.Ҷ. иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.
Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа буда, дар назди Президент Шӯрои миллии ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ дар тамоми сохторҳои ВКД Шӯроҳои ҷавонон таъсис дода шуда, гурӯҳи ҷавонони «Авангард» фаъолияти босамар мебаранд. Ин ҳама ғамхориҳо барои насли ҷавон маҳсуб меёбанд.
Сипас бо маърӯзаҳо баромад намуданд: Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамзамон Раиси филиали иттифоқи ҷавонон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод, Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Орифӣ, Муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Раҳмонзода Азимҷон, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Расулзод Лоиқ.
Дар фарҷоми кори ҳамоиш ёрдамчии сардори Академия, д.и.ҳ., полковники милитсия Назарзода Н.Ҷ. ба созмондиҳандагони он, роҳбарияти Академия ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

 

Сафарзода С., Убайдуллоев Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...