Конференсияи Ассосиатсияи байналмилалии Академияҳои полис – «ИНТЕRPA» дар шаҳри Анталия
Яке аз омилҳои ҳалкунандаи муборизаи муваффақона бар зидди ҷинояткорӣ ин тайёр ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи политсия мебошад. Аз ин лиҳоз, зарурати муборизаи муштарак ва дастаҷамъона бар зидди олами ҷиноят ба миён омад. Маҳз ҳамин зарурат буд, ки заминаи таъсис ёфтани Ассотсиатсияи байналмилалии Академияҳои полис - «INTERPA» гардид. Ташаббускори таъсиси чунин як ассотсиатсияи байналмилалӣ Академияи миллии политсияи Туркия буда, он моҳи июли соли 2011 дар шаҳри Истанбул созмон ёфтааст. Дар ибтидои созмонёбӣ ба «INTERPA» - 23 давлати Осиёву Аврупо аъзо буданд, аз ҷумла Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ. Ҳоло бошад, беш аз 100 давлат аъзои ин созмони байналмилалӣ мебошад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло ва бо даъвати роҳбари Президенти Ассосиатсияи байналмилалии Академияҳои полис (ИНТЕRPA) сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р.Шарифзода, ҷонишини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низом, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия А.Ш.Ализода ва сарнозири Маркази тестии шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Э.Э.Мирзозода дар конференсияи 10-уми INTERPA дар ш.Анталияи Туркия иштирок намуданд.
Рӯзи 11 ноябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагони расмии давлатҳои гуногун, ки теъдодашон зиёда аз 40 нафар буд, дар меҳмонхонаи Limak Atlantis Belek-и Анталия ҷамъ омаданд.
Рӯзи 12 ноябр конференсия ба кори худ оғоз намуд. Ҳамин рӯз, ҷамъомади пазироии меҳмонон сурат гирифт, ки дар он Президенти «ИНТЕRPA», доктор, профессор ҷаноби Йилмаз Чолак ба сухан баромада, тамоми меҳмононро хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки амалияи муборизаи зидди ҷинояткорӣ тақозои онро дорад, ки мутахассисон ва кормандони политсияи ҷаҳон ва махсус, мутахассисони Осиё ва Аврупо аз таҷрибаи пешқадами якдигар дар самти муборизаи зидди ҷинояткорӣ ҳарчи бештар бархурдор бошанд. Худи имрӯз ба Ассотсиатсия ҳамчун аъзо боз ду кишвари дигар дохил шуданд, ки онҳо Филиппин ва Ҳиндустон мебошанд.
Бояд гуфт, ки мавзӯи конференсия «Таъсири пандемияи COVID-19 ба фаъолияти политсия ва муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ» мебошад ва ҳама баромадҳои иштироккунандагони ин чорабинии байналмилалӣ маҳз ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд. Дар ин рӯз ҳамчунин маърӯзаҳои намояндагони Австралия, Бангладеш, Туркия ва Ҳиндустон шунида шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД