Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи милитсияи тоҷик дар Академияи ВКД

OSH 49008-уми ноябри соли 2021 дар толори фарҳангии Академияи ВКД бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки роҳбарият, собиқадорони милитсия, омӯзгорону курсантон чорабинии тантанавӣ ва консерти идона баргузор гардид. Чорабинии тантанавиро муовини аввали сардори Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. кушода, Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.

Муовини аввали сардори Академия, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. мухтасар аз таърихи милитсия, хизматҳои Пешвои миллат дар мустаҳкамгардонии милитсия ёдовар шуда, ҳозиринро ба ин санаи муборак аз номи сардори Академия самимона табрику таҳният гуфт.
Сипас ёрдамчии сардори Академия, д.и.ҳ., профессор полковники милитсия Назарзода Н.Ҷ. дар мавзӯи «Таърихи ташаккулёбии милитсияи тоҷик» маърӯзаи илмӣ намуд, ки давраҳои гуногуни таърихи милитсияро дар бар мегирифт.
Бо фармоиши Сардори Академия фаъолон ва собиқадорон, бо тӯҳфаҳо, Сипосномаҳо ва медалҳо мукофотонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шоистаи ҷумҳурӣ Сурайё Қосимова, Ҷовидон Нозимов, Ҷумахон Сафаров, Фахриддини Малик ва дигар ҳофизони ҷавону боистеъдод барномаи рангини идонаи консертӣ намоиш дода шуд, ки мазмунашон саршор аз муҳаббат ба Ватан, Пешвои миллат ва ватандӯстӣ буданд.
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи милитсияи тоҷик дар Академия дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баргузор гардид.

OSH 4904

Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...