Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми ҳуқуқии миллӣ»
5 ноябри соли равон ҷиҳати иҷрои банди 12 «Нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз ҷониби кафедраи номбурда конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми ҳуқуқии миллӣ» ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур натанҳо ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академия, балки дигар олимони кишвар аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон, Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба монанди Ташкилоти ҷамъиятии инсон ва адолат иштирок ва баромад намуданд.
Қисмати аввали чорабинӣ бо сухани табрикотӣ аз номи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аз ҷониби муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ ба ҳайати иштирокчиёни конференсия расонида шуд. Ҳангоми баромад Саидзода Зикрулло Алӣ қайд намуданд, ки фардо – 6 ноябр аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони 27 сол сипарӣ мегардад. Ин санади муҳими таърихӣ яке аз дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишварамон мебошад. Бояд иброз намуд, ки Конститутсия шиносномаи давлат буда, бори нахуст кишвари моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон ёдовар намуданд, ки дар раванди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистон ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиранд. Зеро, сарвари давлат зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия барои муайян намудани роҳи инкишофи минбаъдаи давлатдории миллӣ ба гурӯҳи кории конститутсионӣ чунин андешаҳои созандаро пешниҳод намуда буданд: баробарҳуқуқии зану мард, дахнопазирии инсон, иродаи халқ ҳамчун асоси қабули Конститутсия, гуногунандешии сиёсӣ ва ғ. Албатта, чунин андешаҳои бунёдӣ аз нуқтаи назари таърих барои такмили лоиҳаи Конститутсия аҳамияти ҳаётан муҳим доштанд. Маҳз натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар Ватани маҳбуби мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор буда, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Сипас сухани навбатӣ ба меҳмонони чорабинӣ – Зоир Ҷурахон Маҷидзода – сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзӯи «Конституционый механизм обеспечения национальной государственности»; Раҷабзода Равшан Муҳитдин – муовини Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, дар мавзӯи «Конститутсия асоси рушди қонунгузорӣ»; Буризода Эмомалӣ Бозор – мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи давлат ва ҳуқуқи марҳилаи гузариш»; Азимзода Назир Бозор – муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, подполковники милитсия дар мавзӯи «Вайрон кардани дахлнопазирии манзил»; Саидаҳмадов Мирзоҳомид Мирзоевич – мудири кафедраи шариати исломии Донишкадаи исломӣ ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа, номзади илмҳои педагогӣ баромад дар мавзӯи «Конститутсия китоби тақдирсози миллат»; Шарифзода Сафар Лоҳутӣ – дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатии Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент дар мавзӯи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими ташаккули давлати демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Юсуфзода Акмалҷон Ҳотам – сардори шуъбаи РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия баромад дар мавзӯи «Конститутсия асоси ҳуқуқии рушди ҳаёти ҷомеа»; Азимов Сунатулло Шераҳмадхонович – ассисенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими ҳуқуқии масъалаи муҳоҷират» ва Хайруллоев Фаррух Сайфуллоевич – ҳуқуқшинос – машваратчии ташкилоти ҷамъиятии инсон ва адолат, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқи инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқи гурезаҳо» ва дигарон дода шуд.
Меҳмонони конференсия ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академияро ба ин рӯзи таърихӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ вазифаи ҳар як шахс мебошад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи шуур, тарбия, фарҳанг ва сиёсати ҳуқуқии ҷавонон кӯшиш намоем. Чунки дар шароити муосир бе доштани дониҳои илмӣ омода намудани мутахассисони ин ё он соҳа ғайриимкон аст. Инчунин, ба воя расонидани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ яке аз шартҳои асосии ноил гаштан ба дастовардҳои нав ба ҳисоб рафта, имконият медиҳад, ки талаботи меъёрҳои Конститутсияро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Қисмати дуюми чорабинии мазкур зери роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ идома намуд. Номбурда аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».
Сипас, Саидзода Зикрулло Алӣ сухани навбатиро бо тартиби зерин ба ҳайати профессорону Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд, ки онҳо дар мавзуҳои гунгун баромад намуданд:
1. Мансурзода Амиршоҳ Мансур – сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия баромад дар мавзӯи «Ислоҳоти конститутсионӣ дар Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсон»;
2. Сафарзода Ҳаёт Сайдамир – сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия баромад дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии манъ намудани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои экстремистиву терористӣ»;
3. Арипов Анвар Лутфиллоевич – сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия баромад дар мавзӯи«Меъёрҳои Конститутсия дар пешгирии зуроварӣ дар оила»;
4. Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ – сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия баромад дар мавзӯи«Конститутсия сарчашмаи асосии қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
5. Қурбонов Абдулвоҳид Абдулаҳадович – сардори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия баромад дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои қонунгузорӣ оид ба таъмини кафолати конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон»;
6. Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, подполковники милитсия баромад дар мавзӯи «Принсипҳои асосии интихобот дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
7. Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода – сардори кафедраи тайории ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия баромад дар мавзӯи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими ташаккули давлати демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
8. Заробидинзода Сулаймон Заробидин – сардори кафедраи фанҳои давлатӣ–ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия баромад дар мавзӯи «Мафҳум ва хусусиятҳои зӯроварӣ аз рӯи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
9. Каримзода Умар Карим – ходими калони шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия баромад дар мавзӯи«Асосҳои конститутсионии вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
10. Вализода Сафархон – шунавандаи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия баромад дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила»;
11. Абдулло Абдулло Раҳматулло – дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия баромад дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи системаи ҳифзи ҳуқуқ»;
12. Қодирзода Ғолибшо Нурулло – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия баромад дар мавзӯи«Нақши шуури ҳуқуқии конститутсионӣ дар таҳкими арзишҳои давлатдорӣ»;
13. Пулатова Фаридабону Юлдашқуловна – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия баромад дар мавзӯи «Рушди қонунгузории конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
14. Ҷалолзода Сорбон Ислом – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия баромад дар мавзӯи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия – асоси рушди мукаммалнамоии он»;
15. Маҳинаи Нуралӣ – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия баромад дар мавзӯи «Вазъи конститутсионии ҳуқуқи занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
16. Фахридинзода Ҳамза Саидумар – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия баромад дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
17. Абдураҳмонзода Абдураҳим Абдураҳмон – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия баромад дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқи инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Ҳамин тариқ, дар қисмати ҷамъбастии конференсия курсантон дар васфи Конститутсия қироати шеърҳо намуда, маърӯзаҳои омодакардаи худро пешниҳод намуданд. Дар бахши мазкур Саидзода Зикрулло Алӣ иброз намуд, ки умедворам ин конференсия ба ҳамагон аз нуқтаи назари илмӣ ва аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш ва фоиданок буд. Воқеан, ақида ва пешниҳодҳои баромадкунандагон вобаста ба проблемаҳои мавҷуда саривақтӣ ва аҳамиятнок мебошанд.
Дар фарҷоми сухан, арзи сипоси худро ба ҳамаи Шумо, барои иштироки фаъолона ва дастаҷамъона дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми ҳуқуқии миллӣ» изҳор намуда, бори дигар Шуморо ба муносибати ин санаи бузург – рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу шодкомӣ ва дар корҳоятон муваффақиятҳои беназирро таманно намуда, ба ин санади муқаддасу таърихиамон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.
Бо ҳамин, кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми ҳуқуқии миллӣ» ба анҷом расид.
Заробидинзода Сулаймон Заробидин, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия.