Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

4145-уми ноябри соли 2021 дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., оғоз намуда, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт.
Муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қисми таълим полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ, тақвиятбахшандаи ҷомеаи демократӣ, соҳибихтиёрии давлат ва ба танзимдароии муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, фароҳам меорад.
Инчунин муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., суханрони намуда иброз дошт, ки Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Муҳимтарин аз ҳама Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем. Ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гардидем.
Ҳамзамон сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., полковники милитсия Ҳоҷибобо З.М., дар мавзӯъи «Конститутсия дар замони муосир» суханрони намуда иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда ба принсипи озодӣ ва демократия устувор аст. Қонуни асосӣ ҳамчун доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ-ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда барои густариши кори онҳо заминаи қонуни фароҳам овард. Ҷавҳари асосии Конститутсия аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар анҷоми чорабинӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., чорабиниро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуд.

Муроди Баҳодур Азимзода, сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...