Конститутсия санади муҳими ҷомеа дар давлати ҳуқуқбунёд
5 ноябри соли 2021, дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба 27 - умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия санади муҳими ҷомеа дар давлати ҳуқуқбунёд» аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет фаъолона иштирок намуданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б., оғоз намуда, аҳамияти ин ҷашнвораро дар масири таърих баён намуд.
Сипас мудири кафедраи ҳуқуқи конститусиони Донишгоҳи давлати ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент Бобоев Анварбек Хӯҷаевич бо маъруза дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханрони намуд.
Инчунин сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М., дар мавзӯи «Моҳияти Конститутсия дар давлати ҳуқуқбунёд» бо маърӯзаи худ баромад намуд.
Дар хотима, конференсияро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. ҷамъбаст намуда, ҳозиринро боз як бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуд.
Муроди Баҳодур Азимзода, сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.