Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар факултети № 4 Академияи ВКД

2415Санаи 28.10.2021 сол дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои гумроҳ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ» баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қисми таълим, полковники милитсия Мухаммадиев Н.Б., ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни коннференсияи илмӣ-амалӣ аз номи роҳбарияти факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, оид ба масъалоҳои гумроҳ ва шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ, суханронӣ намуд.
Сипас сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., баромад намуда дар мавзӯи «Терроризм ва эстримезим: моҳият, сабабҳои авҷгирӣ ва роҳҳои пешгирии он» суханронӣ намуд. Инчунин муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД лейтенанти милитсия Ревазода М.Р., дар мавзӯи «Аз таъриху тафсири терроризм» баромад намуд.
Баъдан бо маърӯзаи худ курсанти курси 4-уми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Латифзода Ш. дар мавзӯи «Ҳизби таҳрир пайдоиш ва густариши он» баромад намуд.
Дар охир слайд ва наворҳои оперативӣ намоиш дода шуда, аз тарафи муовини сардори факултети №4-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим, полковники милитсия Мухамадиев Н.Б. чорабинӣ ҷамбаст карда шуд.
Ибрагимзода Ҷамшед, муаллими калони кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, майори милитсия .

Ализода Акмалҷон, сардори кабинети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, капитани милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...