Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия ҳамчун самти афзалиятнок ва самарабахши рушди соҳаҳои мухталифи кишвар» ба нақша гирифта шудааст.
Аз ин лиҳоз, 28-уми октябри соли 2021 аз тарафи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 бо иштироки ҳайати шахси кафедра ва шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсияро бо сухани ифтитоҳи муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х. оғоз намуд.
Баъдан, сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафурӣ М.С. бо маърӯза дар мавзӯи «Таҷассумёбӣ ва амалишавии меъёрҳои конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» суханронӣ намуд. Ӯ дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем. Аз ин лиҳоз, бо мақсади паст намудани сатҳи амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ва давлат, зарурати дар амал татбиқ намудани самтҳои зерин, хело ба маврид аст.
Инчунин дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос полковники милитсия Муҳиддинзода Х.Ғ., бо маърӯза дар мавзӯи «Коррупсия ва решаҳои таърихии он» суханронӣ намуд. Ӯ дар маърӯзаи худ оид ба аввалин пайдоиши коррупсия дар Мисри қадим, дар замони сулолаҳои Ҳахоманишиҳо ва Сомониён, аморати Бухоро ва дигар мамлакатҳо сухан гуфт. Ҳамчунин қайд кард, ки коррупсия пояҳои истиқлолияти давлатиро суст намуда, боварии халқро ба ҳокимияти сиёсӣ коҳиш медиҳад. Барои фаъол гаштани унсурҳои ҷинояткор, ба мисли терроризм, экстремизм, қочоқи силои оташфишон ва маводи мухаддир ва ғайра заминаҳои воқеӣ фароҳам меоварад.
Инчунин, шунавандаи курси такмили ихтисос нозири минтақавии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров лейтенанти калони милитсия Расулзода А. бо маърӯза дар мавзӯи «Коррупсияро решакан мекунем» суханронӣ намуд. Ӯ дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он сади роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобарин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зиддикоррупсионии давлат ва муборизаи бевосита бо коррупсия, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ба раванди муқовимат ба он дар заминаи Конвенсияи зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Инчунин шунавандаи курси тайёрии ибтидоӣ хадамоти посбонӣ-пайраҳадории милитсия Ҷӯраев Ш.Ҳ., бо маърӯза дар мавзӯи «Тоҷикистон ва масъалаҳои мубориза алайҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта» суханронӣ намуд. Ӯ дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки муқовимат ба коррупсия фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.
Муминӣ А.Б., сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия